Мамнуъгоҳи “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО ворид гардид

Дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера”, ки рӯзи 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин гузашт, мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО шомил гардид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки воридшавии “Ромит” ба ин шабака инъикоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера”, ки рӯзи 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин гузашт, мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО шомил гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки воридшавии “Ромит” ба ин шабака инъикоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон бо табиат мебошад.

ВКХ мегӯяд, мамнуъгоҳи биосферии “Ромит”, ки дар минтақаи нодири экологӣ ҷойгир аст, бо гуногунии бойи биологӣ, мавҷудияти намудҳои эндемикӣ ва усулҳои анъанавии истифодабарии замин машҳур аст.

“Эътироф кардани “Ромит” ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо дарназардошти  ниёзҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии тадқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард”, – навиштааст ин ниҳод.

Ҳамасола чанде аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, расму маросим ва иду ҷашнҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНСЕКО шинохта мешавад.  

Аз ҷумла, бори охир дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 11 ёдгории мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" воқеъ дар вилояти Хатлон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад.

Дар баробарин ин, чанде аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва куҳиву кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун макони мероси кишоварзӣ ва сайёҳии ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Аз ҷумла, моҳи июли соли равон дараи Алмосии кишвар расман ҳамчун иншооти мероси кишоварзии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ин мақом ба ин мавзеъ аз ҷониби Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратӣ дода шуд.

Ин рӯйдоди таърихӣ Тоҷикистонро ба аввалин кишвари тамоми фазои пасошӯравӣ табдил медиҳад, ки иншооти худро ба феҳристи бонуфузи "Низомҳои мероси кишоварзии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ" (GIAHS) ворид кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.