Намунаи нодири хонаи тоҷикони шаҳрнишин. Таърихи хонаи Эргашбойбача дар Хуҷанд

Зимни сайругашт дар кӯчаи Сафирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, дар наздикии бозори “Панҷшанбе” хонаи қадимии зебоеро пайдо кардан мумкин аст, ки пурра бо тарҳи асрҳои XVIII-XIX сохта шудааст. Ин хонаи савдогари хуҷандӣ Эргашбойбача аст, ки дар асри XIX бунёд шудаву имрӯз ба ҳайси намунаи нодири манзили тоҷикони шаҳрнишин ба хона-осорхона табдил дода шудааст. Мегӯянд, барои бунёди […]

Зимни сайругашт дар кӯчаи Сафирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, дар наздикии бозори “Панҷшанбе” хонаи қадимии зебоеро пайдо кардан мумкин аст, ки пурра бо тарҳи асрҳои XVIII-XIX сохта шудааст. Ин хонаи савдогари хуҷандӣ Эргашбойбача аст, ки дар асри XIX бунёд шудаву имрӯз ба ҳайси намунаи нодири манзили тоҷикони шаҳрнишин ба хона-осорхона табдил дода шудааст.

Мегӯянд, барои бунёди ин хона Эргашбой устоҳои моҳири Самарқанду Бухороро даъват кардааст. Хона воқеан устокорона бунёд шуда, бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст.

Пас аз инқилоб, дар солҳои 30-юми асри гузашта хонаи бойбача мусодира шуда, ин ҷо аввал ба беморхона, дертар ба мактаб ва ниҳоят, аз солҳои 50-ум ба хобгоҳи занона барои донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд.  

Имрӯз ин мавзеъ хона-осорхонаи этнографии "Эргашбойбача" аст. Агар боре ба сайри Хуҷанд баромадед, ҳатман аз ин хона боздид кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.