Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки қарори дахлдор имрӯз, 12-уми июл дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Пориси Фаронса қабул шуд. Ба гуфтаи манбаъ, номинаи мазкур 11 ёдгории […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардидаанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки қарори дахлдор имрӯз, 12-уми июл дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Пориси Фаронса қабул шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, номинаи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Вахш ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.

11 ёдгории "Хуттали Қадим", ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуданд, ба таври зайланд:

– Дайри Буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш;

– Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ;

– Шаҳристони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ;

– Шаҳраки Манзаратепа дар ноҳияи Восеъ;

– Қалъаи Золи Зард дар ноҳияи Данғара;

– Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин дар ноҳияи Данғара;

– Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) дар ноҳияи ба номи Ҷ. Балхӣ;

– Шаҳристони Золи Зар дар ноҳияи Фархор;

– Корвонсаройи Тоҳир дар ноҳияи Фархор;

– Шаҳртеппа дар ноҳияи ноҳияи Фархор;

– Дайри Буддоии Хишттеппа дар ноҳияи Ховалинг.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2024 ёдгории таърихӣ-фарҳангии "Хутали ҚадимҚ-ро ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод карда буд.

Бояд гуфт, ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" 5-умин мавзеи Тоҷикистон аст, ки ҳамчун мероси ҷаҳонӣ эътироф мешавад.

ВКХ Тоҷикистон менависад, ки "тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои VII то XVI-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат хамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишҳои фархангии минтақавӣ низ таъсири калон расонидааст".  

Ҳамасола чанде аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, расму маросим ва иду ҷашнҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНСЕКО шинохта мешавад.  

Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад.

Аз ҷумла, соли гузашта дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд.

Аз ин пештар, дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ се номзад аз Тоҷикистон – Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ гуфт, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.