Тоҷикистон имсол 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангиро ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод мекунад

Тоҷикистон соли 2024 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод мекунад. Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг хабар дод. Номбруда гуфт, ки имсол дар назар аст, ки номинатсияи «Хутали қадим»-ро дар шакли силсилаҷоиза ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намоем. Ба ин ёдгориҳо: – «Қалъаи […]

Asia-Plus

Тоҷикистон соли 2024 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод мекунад. Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг хабар дод.

Номбруда гуфт, ки имсол дар назар аст, ки номинатсияи «Хутали қадим»-ро дар шакли силсилаҷоиза ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намоем. Ба ин ёдгориҳо:

– «Қалъаи Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ

– «Шаҳристони Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ

– «Манзартеппа» дар ноҳияи Восеъ

– «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ,

– Ёдгории «Золи Зар» дар ноҳияи Данғара

– Мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин»  дар ноҳияи Данғара,

– Шаҳраки Золи Зар дар ноҳияи Фархор

– Шаҳртеппа дар ноҳияи Фархор

– Корвон-саройи Тоҳир дар ноҳияи Фархор  

– «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг

– Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш

– Шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дохил мешаванд.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки Тоҷикистон зам  дорад дар соли 2024 ҷашни “Мерҳгон”ро ҳам ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ, ки аз 4 то 9 декабр дар шаҳри Касане (Ботсвана) баргузор шуд, ба феҳристи ЮНЕСКО беш аз 40 унсури нав ворид карда шуданд.

Дар иҷлосияи се номзад аз Тоҷикистон ба рӯйхат шомил шуданд. Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ гуфт, ки соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.

Ӯ ҳамчунин супориш дод, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.