Дар Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ таъсис дода мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ Агентии ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии назди ҳукумат таъсис дода шавад. Ӯ зикр кард, ки то имрӯз 15 мероси тоҷикон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудаанд, ки “боиси ифтихор аст”. Агентии мазкур бо мақсади густариш, эҳёву барқарор ва […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ Агентии ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии назди ҳукумат таъсис дода шавад.

Ӯ зикр кард, ки то имрӯз 15 мероси тоҷикон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудаанд, ки “боиси ифтихор аст”.

Агентии мазкур бо мақсади густариш, эҳёву барқарор ва таҷдиди мероси фарҳангӣ ва таърихӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Зикр шуд, ки тайи солҳои ахир бо қабули тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли мушкилот дар соҳаи фарҳанг баҳри муаррифии фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байнулмилалӣ як қатор иқдомҳои муҳим рӯи даст гирифта  шуданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Тоҷикистон барои шомил кардани ҷашни бостонии Меҳргон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дархост пешниҳод кард.

Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО навиштааст, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва пайвастани насли муосир бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии “Сада”-ву “Меҳргон” дубора эҳё карда шуданд.

"Аз ин рӯ, пешниҳоди ҷашни Меҳргон дар соли 2024 низ барои шомил шудан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО барои баррасӣ пешниҳод шудааст", – изҳор доштааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.