Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА фармонеро имзо кард, ки тибқи он кишвараш узвияти худро дар 66 созмон ва созишномаи байналмилалӣ қатъ мекунад. Ин рӯйхат 31 сохтори СММ ва 35 созмони дигари ҷаҳониро дар бар мегирад.   Нуктаҳои асосии фармон Кохи сафед матни ин фармонро рӯзи 7-уми январ нашр кард. Дар он омадааст, ки ин ташаббус дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА фармонеро имзо кард, ки тибқи он кишвараш узвияти худро дар 66 созмон ва созишномаи байналмилалӣ қатъ мекунад. Ин рӯйхат 31 сохтори СММ ва 35 созмони дигари ҷаҳониро дар бар мегирад.

 

Нуктаҳои асосии фармон

Кохи сафед матни ин фармонро рӯзи 7-уми январ нашр кард. Дар он омадааст, ки ин ташаббус дар пайи машваратҳо бо Котиби давлатӣ ва аъзои ҳукумат дар идомаи сиёсати моҳи феврали соли 2025 қабул шудааст.

Доналд Трамп гуфтааст, ки узвият дар ин созмонҳо “бар хилофи манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида” мебошад.

“Дар асоси ваколатҳое, ки тибқи сарқонун ва қонунҳои Амрико ба ман ҳамчун раисҷумҳур дода шудаанд, ман ба ҳамаи департаментҳо ва идораҳои иҷроия дастур медиҳам, ки фавран ҷиҳати амалӣ кардани хуруҷи ИМА аз созмонҳои дар фасли 2-юми ин фармон зикршуда дар фурсати кӯтоҳтарин чораҳо андешанд. Нисбат ба сохторҳои СММ, хуруҷ маънои қатъи иштирок ё қатъи маблағгузории ин сохторҳоро дар доираи муқаррарнамудаи қонун дорад”, – омадааст дар матни фармони Трамп.

Аммо вокуниши расмии Конгресси Амрико ба ин фармон ҳанӯз маълум нест. Конгресс ҳуқуқи тасвиби буҷет ва маблағгузорӣ ба созмонҳои байналмилалиро дорад ва метавонад тавассути қонунгузорӣ ба қарорҳои президент таъсир расонад.

 

Дар ҳамин ҳол, дар фармони Трамп номи чандин созмону комиссиюни муҳими байналмилалӣ зикр шудааст, ки Амрико аз онҳо хориҷ мешавад. Яке аз онҳо Комиссиюни Венетсиягии Шӯрои Аврупо мебошад – сохторе, ки меъёрҳои конститутсионӣ ва волоияти қонунро муайян мекунад.

Дар соҳаи ҳуқуқи башар Амрико аз чанд сохтори муҳим, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқ берун меояд.

Амрико инчунин аз Эъломияи СММ оид ба тағйироти иқлим берун меояд. Вашингтон танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки расман аз ин санади калидӣ канора гирифт. Ҳамчунин ИМА аз Агентии байналмилалии энержӣ ва Иттиҳоди байналмилалӣ барои ҳифзи табиат хориҷ мешавад.

Дар умум, Амрико аз даҳҳо созмону конвенсияву эътилофҳо дар самти иқтисод, савдо ва рушд, ҳуқуқ, демократия ва идоракунӣ, энергетика ва технология, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва баробарии ҷинсӣ, амният ва сулҳ берун мешавад. Рӯйхати ҳамаи онҳоро дар ҷадвали зерини “Азия-Плюс” бубинед.

 

 

Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи панҷшанбе аз ин қарори Трамп “изҳори таассуф” карда, ҳамзамон таъкид доштааст, ки ин ниҳод ба иҷрои ҳамаи вазифаҳои худ идома медиҳад.

 

Стефан Дужаррик, сухангӯи СММ, ба “Reuters” гуфтааст, ки ин созмон “аз маъмурияти Трамп ягон огоҳиномаи расмӣ нагирифтааст”. Вай таъкид кардааст, ИМА баъзе созмонҳои шартномавӣ мехоҳад хориҷ шавад, ки барои ин кор огоҳии расмӣ лозиманд.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла муовини раиси Комиссияи Аврупо Тереза Рибера ва комиссари иқлим Вопке Хукстра, ин тасмими ИМА-ро маҳкум карда, “изҳори нодида гирифтани муҳит, саломатӣ ва дардҳои мардум” номида, ҳамзамон гуфтаанд, ки “Амрико аз ин тасмимаш пушаймон мешавад”.

Конгресси Амрико расман дар бораи ин фармони Трамп вокуниш накардааст, вале вакилони Маҷлисаи намояндагон ҷудогона ин тасмими раисҷумҳурро танқид мекунанд. Аз ҷумла, Ҷегри Микс, раиси Кумитаи корҳои хориҷии Маҷлиси намояндагон, онро “ҳадя ба душманон” номидааст.

“Фармони раисҷумҳур идомаи ҳуҷуми ӯ ба низоми бисёрҷониба ва ба қоидаҳо асосёфта мебошад, ки ИМА дар сохтори он кӯмак карда буд ва худаш ҳам аз он суд мегирифт. Ин хуруҷи якҷониба ба рақибони мо қудрат мебахшад ва Иёлоти Муттаҳидаро аз ҳаққи овоз дар дохили ин ниҳодҳо маҳрум сохта, тавоноии моро маҳдуд месозад”, – гуфтааст Микс.

Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп пештар низ маблағгузорӣ ба бахшҳои гуногуни СММ-ро қатъ карда, худи созмонро шадидан интиқод карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.