Тоҷикистон ва Эрон раводидро барои ронандагони якдигар бекор мекунанд

Аз аввали моҳи март Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводид (виза)-ро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар бекор мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин тасмим дар асоси қарорҳои ҳукуматҳои ду кишвар ва созишномаи дуҷониба гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, акнун ронандагон ва ёвари ронандаи мошинҳои боркашонии байналмилалӣ, […]

Asia-Plus

Аз аввали моҳи март Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводид (виза)-ро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар бекор мекунанд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин тасмим дар асоси қарорҳои ҳукуматҳои ду кишвар ва созишномаи дуҷониба гирифта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун ронандагон ва ёвари ронандаи мошинҳои боркашонии байналмилалӣ, ки дорои шиносномаи оддии Тоҷикистон ва Эрон ҳастанд, метавонанд бидуни раводид тариқи тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба қаламрави якдигар ворид шаванд. Ронандагони тоҷику эронӣ то 30 рӯз дар ҳар давраи 90-рӯза (яъне дар се моҳ 30 рӯз) бидуни гирифтани раводид дар қаламрави кишварҳои якдигар метавонанд иқомат кунанд.

“Ин тадбир ба осон шудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани фоидаоварии логистика миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард”, – гуфтанд аз ВКХ-и кишвар ба “Азия-Плюс”.

Бояд гуфт, ки лағви раводид тавассути роҳҳои заминӣ миёни Тоҷикистону Эрон моҳи апрели соли 2025 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон баррасӣ шуда шуд.

Он замон расонаҳои эронӣ аз забони Искандар Муъминӣ навишта буданд, ки “тасмим гирифта шуд, ки дар қадами баъдӣ бо лағви раводид барои сафарҳои заминӣ шароити бароҳати сафар барои шаҳрвандони ду кишвар фароҳам шавад”.

Қаблан, дар соли 2025 Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ҳарду кишварро пурра лағв карда буданд.

Мувофиқи он шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, тариқи ҳавоӣ бидуни монеа ба кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯз дар давоми 90 рӯз сафар кунанд. Вале вуруди шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар тавассути роҳҳои заминӣ то ҳол бо раводид сурат мегирад.

Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.