Муҳлати истифодаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2 барои Эрон боз 2 сол дароз шуд

Муҳлати истифодаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2 барои Эронро Тоҷикистон боз 2 сол дароз карда, акнун пас аз гузашти 14,5 сол нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садрӣ хабар дод. Мавриди ёдоварист, ки тибқи қарордоди қаблӣ, даромад аз фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 муддати 12,5 сол ба ихтиёри […]

Меҳрангез Турсунзода



Муҳлати истифодаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2 барои Эронро Тоҷикистон боз 2 сол дароз карда, акнун пас аз гузашти 14,5 сол нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садрӣ хабар дод.

Мавриди ёдоварист, ки тибқи қарордоди қаблӣ, даромад аз фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 муддати 12,5 сол ба ихтиёри Эрон вогузор гардида буд. Сайидмаҳмуди Садрӣ зикр кард, ки дар робита ба қодир набудани Тоҷикистон ба пардохти маблағ, тавофуқ ҳосил шудааст, ки муҳлати дар ихтиёри Эрон қарор доштани нерӯгоҳ ба манфиати Эрон дарозтар карда шавад.

Тавре аз манбаъҳои муътамад ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, санадҳо дар ин хусус ҳанӯз зимни сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон санаи 10-уми сентябр ба имзо расида буданд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти ҶСК «НБО Сангтӯда-2» моҳи марти соли ҷорӣ қатъ шуда, моҳи апрел дубора барқарор шуд ва коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз дароз шудани муҳлати ба ихтиёри Эрон вогузоштани даромад аз кори нерӯгоҳ ба ин боис гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, Сайидмаҳмуди Садрӣ мегӯяд, айни замон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-2 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Акнун даромади 14,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Беҳтарин оғоз: Тоҷикистон дилпурона дастаи Тайиландро мағлуб кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.