Ошкор шудани ду ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон

Санаи 30-юми октябри соли равон кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро ошкор намуданд. Бино ба маълуомти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрванд Файзиев Ҳазратқул, соли таваллудаш 1979, сокини ш. Душанбе 1-адад таппончаи тамғаи “Макаров”, соли бароришаш 1991 (коршоям) бо тирдон ва 1-адад тир дарёфт […]

ASIA-Plus



Санаи 30-юми октябри соли равон кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро ошкор намуданд.

Бино ба маълуомти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрванд Файзиев Ҳазратқул, соли таваллудаш 1979, сокини ш. Душанбе 1-адад таппончаи тамғаи “Макаров”, соли бароришаш 1991 (коршоям) бо тирдон ва 1-адад тир дарёфт ва  мусодира  карда  шуд.

Сокини шаҳри Душанбе Шарипов Амонуллоҳ Азамович соли таваллудаш 1975, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бошад, дар хонаи истиқоматиаш аз дохили  халтаи  биринҷ  1-адад таппончаи тамғаи “Макаров”, силсилаи ИВ 2174 А, бе соли бароришро бо 5-дона тир дарёфт намуда, ба кормандони милитсия супоридааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ шаҳрванд Саидов  Исмоилҷон, соли таваллудаш 1979 дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки номбурда силоҳи мазкурро  соли  2008  дар  ш. Норак аз “Ҷумъа” ном шахс дастрас намудааст. Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.