БОР баҳри васли Тоҷикистон бо низомии энергетикии ОМ 35 млн. доллар ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 35 млн. долларро баҳри барқарор намудани васли низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми энергетикии Осиёи Марказӣ (ОМ) тариқи барқарор кардани он бо низоми Узбекистон маъқул шуморид. БОР тавассути барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) савдои нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавсеъаи содироти барқ аз минтақа […]

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 35 млн. долларро баҳри барқарор намудани васли низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми энергетикии Осиёи Марказӣ (ОМ) тариқи барқарор кардани он бо низоми Узбекистон маъқул шуморид.

БОР тавассути барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) савдои нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавсеъаи содироти барқ аз минтақа ба Афғонистону Покистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

“Имзои созишнома дар бораи савдои нерӯи барқ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи марти соли равон ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мавсими тобистон барқи барзиёдатиашро ба Ӯзбекистон интиқол дода, ба истифодаи пурсамари захираҳои энергетикии минтақа мусоидат намояд”, – гуфтааст мутахассиси бахши молияи БОР ҷаноби Юки Иноуэ. – Барқарор кардани пайвастшавӣ иқдоми муҳим дар таъмини кори ҳамоҳангшуда бо низоми энергетикии Ӯзбекистон ва минтақа аст”.

Дар доираи лоиҳаи БОР таъмиру навсозии таҷҳизоти ҳифзи табдили барқ (реле) барои мураттаб сохтани кори низоми энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва васеъ кардани нуқтаҳои васл пешбинӣ шудааст, ки ба имконоти Тоҷикистон ҷиҳати кори устувори мутавозин таҳким мебахшад.

Гуфта мешавад, арзиши умумии амалисозии лоиҳа 40 млн. долларро ташкил дода, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон 5 млн. доллари ИМА аст. Анҷоми татбиқи лоиҳа соли 2022 дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио