Ҳукумати Тоҷикистон аз “Тоҷик Эйр” қарзи Skyroad Leasing-ро рӯёнидан мехоҳад

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки даъвои ширкати “Skyroad  Leasing”-и Литваро дар мавриди пардохти қарз аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар ҳаҷми 20 млн доллар қонеъ созад. Зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл намояндагони Хадамоти иҷрои ҷумҳурӣ хабар доданд, ки рӯёнидани маблағи мазкур ғайриимкон аст, чунки суратҳисобҳои бонкии ширкати “Тоҷик Эйр” дар […]

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки даъвои ширкати “Skyroad  Leasing”-и Литваро дар мавриди пардохти қарз аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар ҳаҷми 20 млн доллар қонеъ созад.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл намояндагони Хадамоти иҷрои ҷумҳурӣ хабар доданд, ки рӯёнидани маблағи мазкур ғайриимкон аст, чунки суратҳисобҳои бонкии ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳабс қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки айни замон дар суратҳисобҳои “Тоҷик Эйр” ягон маблағе нест ва ширкат аз андозу дигар пардохтҳо қарзи зиёд дорад.

Охири моҳи июн зикр гардида буд, ки додгоҳи таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и ИМА дар ҳавзаи Колумбия даъвои ширкати “Skyroad  Leasing”-ро рад кард.

Намояндагони “Тоҷик Эйр” он замон ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда буданд, ки суди ИМА дархости ширкатро дар мавриди рад намудани баррасии ариза дар бораи эътироф ва иҷрои қарори ҳакамии суди Вилнюс қонеъ кард.

Ёдрас мекунем, ки Суди тиҷоратии ҳакамии Вилнюс баррасии ин парвандаро моҳи сентябри соли 2017 оғоз карда буд.

Мувофиқи маводи парванда, сабаби баҳс қарзи “Тоҷик Эйр” аз пардохти маблағ ба Skyroad Leasing барои иҷораи ду ҳавопаймои Boeing мебошад, ки онҳоро аз ширкати Литва соли 2009 тариқи лизинг гирифтааст.

Моҳи апрели соли 2018 суди ҳакамӣ ба нафъи Skyroad қарор содир намуда, даъвои ӯро барои рӯёнидани беш аз 20 млн доллар пурра қонеъ кард.

Лекин ин қарори суди ҳакамӣ аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе эътироф нашуда, Skyroad Leasing ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат намуд ва ин суд даъваои ширкати Литваро қонеъ кард.

Баъдан Skyroad Leasing ба суди ИМА шикоят бурд, ки қарори Суди тиҷоратии ҳакамии Вилнюс иҷронашуда боқӣ мемонад.

“Тоҷик Эйр” дар навбати худ исрор меварзид, ки аризаи Skyroad Leasing бояд бар асоси анҷоми расмиёт бидуни баррасӣ боқӣ монад.

Намояндагони ширкати “Тоҷик Эйр” изҳор доштанд, ки Skyroad Leasing расмиёти огоҳиномаи судиро мутобиқи талаботи Қонун дар бораи дахолатнопазирӣ (иммунитет)-и хориҷии соҳибихтиёрӣ («FSIA») риоя накардаанд. Ғайр аз ин, “Тоҷик Эйр” ба банди марбут ба расмиёти бояду шояди ҳуқуқӣ дар Тағйироти панҷуми Конститутсияи ИМА ишора кард.

Ёдрас мекунем, ки ширкати “Тоҷик Эйр” муддати чандин сол инҷониб дар вазъияти душвори молиявӣ қарор дошта, ду сол боз амалан кор намекунад.

Тайи даҳ соли ахир раҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ панҷ маротиба иваз шуда, дар ҳамин ҳол, яке аз собиқ роҳбарон ба иттиҳоми “суиистифода аз мансаб” ва “азхудкунии амволи бегона” ба ҳабс гирифта шуд, лекин баъдан раҳо гардид.

Моҳи июли соли 2020 ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 2 млн доллар қарзи “Тоҷик Эйр”-ро аз эътибор соқит кард. Айни замон дар басти корӣ (штат)-и ширкат ҳамагӣ якчанд роҳбарон қарор дошта, кормандони боқимондаро аз соли 2018 ба рухсатии бемузд фиристоданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.