Давлат қариб $2 млн қарзҳои ширкати “Тоҷик Эйр”-ро мебахшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки  ба ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” тариқи ҳисобаробарӣ бо қарздеҳон кумак кунад. Яъне қарздеҳони ширкат қисме аз қарзҳои онро аз эътибор соқит карда, ба ивази он аз пардохти андоз ба ҳамин миқдор маблағ озод карда мешаванд. Дар маҷмӯъ мувофиқи қарори рӯзи 25 июн қабулкардаи ҳукумат, қарзҳои “Тоҷик Эйр” аз ҳисоби […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки  ба ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” тариқи ҳисобаробарӣ бо қарздеҳон кумак кунад. Яъне қарздеҳони ширкат қисме аз қарзҳои онро аз эътибор соқит карда, ба ивази он аз пардохти андоз ба ҳамин миқдор маблағ озод карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ мувофиқи қарори рӯзи 25 июн қабулкардаи ҳукумат, қарзҳои “Тоҷик Эйр” аз ҳисоби андозҳо дар ҳаҷми умумии наздики 19 млн сомонӣ (1,8 млн доллар) аз эътибор соқит карда мешаванд.

Ба ин тариқ, қарз назди Ташкилоти хурди лизингии “Стандарт-Иҷора” дар ҳаҷми ҳудуди 13,3 млн сомонӣ ва қарз ба маблағи зиёда аз 5,6 млн сомонӣ ба ширкати суғуртаи “Суғуртаи асри 21” бекор дониста мешаванд.

Дар қарори ҳукумат зикр мегардад, ки ин маблағҳо ба сармояи оинномавии ҶСК “Тоҷик Эйр” дохил карда мешаванд.

Кумаки мазкур аз ҷониби ҳукумат ба ширкати миллии ҳавопаймоӣ дар доираи барномаи махсуси дастгирии давлатии “Тоҷик Эйр” дар давраи солҳои 2018-2023 расонида мешавад.

Солҳои охир ширкати “Тоҷик Эйр” дар вазъияти душвори молиявӣ қарор гирифта, бо ҳамин сабаб аввали соли 2019 парвозҳоро ба ҳама самтҳо қатъ кард.

Охири соли гузашта ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро аз Душанбе ба Маскав дубора аз сар гирифт, лекин бинобар сабаби пандемияи коронавирус лозим омад, ки парвозҳо бо ин хатсайр боздошта шавад.

Айни замон ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳоро танҳо бо хатсайрҳои чартерӣ анҷом медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоӣ ба Фурудгоҳҳои байнулмилалии Душанбе ва Хуҷанд, Ширкати таъминот бо сӯзишворӣ, “Тоҷикаэронавигатсия”, “Таджик Кейтеринг Сервис”, “Амонатбонк” чандин миллион қарздор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.