Раиси Суғд таъсиси Ассотсиатсияи корхонаи саноати сабукро пешниҳод кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 9 июл​ дар шаҳри Хуҷанд​ аз​ корхонаи​ ресандагии ҶДММ «Сомон гурӯҳ» боздид карда, бо корҳои барқароркунии он аз наздик шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар корхонаи мазкур корҳои барқароркунии он ҷараёни тоза касб намуда, дар назар аст, ки​ рӯзҳои наздик​ […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 9 июл​ дар шаҳри Хуҷанд​ аз​ корхонаи​ ресандагии ҶДММ «Сомон гурӯҳ» боздид карда, бо корҳои барқароркунии он аз наздик шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар корхонаи мазкур корҳои барқароркунии он ҷараёни тоза касб намуда, дар назар аст, ки​ рӯзҳои наздик​ ин корхонаи саноатӣ бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бо фарогирии 350 нафар ба кор шурӯъ хоҳад намуд.

Гуфта мешавад, иқтидори корхона​ дар як шабонарӯз коркарди беш аз 8 тонна пахта буда, он асосан маҳсулоти хешро ба хориҷа содирот хоҳад намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми моликони корхонаро фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати то коркардаи ниҳоӣ расонидани пахта тадбирҳо​ андешида шавад.​

Раиси вилоят барои рушди босуботи корхона ва дигар коргоҳҳои ҳамсони он таъсиси Ассотсиатсияи корхонаи саноати сабуки вилоятро муҳим арзёбӣ намуд, зеро бо ташкили чунин иттифоқ имкони ба роҳ мондани равобити мустақим байни корхонаҳои саноати сабук роҳандозӣ гардида, ҳамзамон он барои​ ба таври таъҷилӣ ҳал намудани мушкилоти ба миёномада мусоидат хоҳад намуд.

Гузашта аз ин, дар заминаи Ассотсиатсия ба роҳ мондани содироти маҳсулоти саноати вилоят ба хориҷи кишвар, андӯхтани таҷриба ва роҳандозии​ ҳамкориҳои мутақобилаи судманд амалӣ хоҳад шуд.

Ёдрас мешавад, ки дар вилояти Суғд беш аз 640 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи якуми соли равон​ ​ ба маблағи 6​ 576,8 млн. сомонӣ​ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.