Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи “ихвониҳо”-ро сар кард

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи 116 гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (“Бародарони Мусалмон")-ро паси дарҳои баста шурӯъ кард. Намояндаи дафтари матбуоти додгоҳ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, ба иллати пӯшида будани баррасӣ шарҳи бештар дода наметавонад. Ба гуфтаи як манбаи наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон, парванда 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва […]

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи 116 гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (“Бародарони Мусалмон")-ро паси дарҳои баста шурӯъ кард. Намояндаи дафтари матбуоти додгоҳ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, ба иллати пӯшида будани баррасӣ шарҳи бештар дода наметавонад.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон, парванда 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Мисрро аз рӯйи 4 банди Кодекси ҷиноӣ ба ташкили созмони ифротӣ ва сармоягузорӣ ба чунин ниҳод айбдор мекунад.

Ин манбаъ, ки нахост номаш зикр гардад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Парванда ду ҳафта пеш ба додгоҳ фиристода шуд. Айбдоршавандагон бар асоси моддаҳои 179, замимаи 2-и Кодекси ҷиноӣ (Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терористидошта) ва моддаи 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 307, иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) айбдор дониста шудаанд."

Гуфта мешавад, рӯзи 7-уми июл нахустин баррасии парванда дар муассисаи тафтишотии Боздоштгоҳи муваққатии рақами як таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Муҳаммад Раҳмонзода ҷараён гирифт. Бар асоси айбномаи пешниҳодшуда ба боздоштшудагон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вакилони гумонбаршудагон аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва фақат зикр намуданд, ки парванда зери муҳри "махфӣ" баррасӣ мешавад, биноан, ҳаққи додани маълумотро надоранд.

Хешовандони муттаҳамон низ аз суҳбат канораҷӯӣ карданд, аммо яке аз онҳо, Нусратулло Алиев аз шаҳри Бохтар, гуфт, ба ӯ дар бораи парвандаи писараш маълумоте надодаанд: "То ҳол намедонам, барои кадом кор ӯро боздошт кардаанд. Ман фақат ба Боздоштгоҳ ғизо мебарам ва то ҳол худи ӯро надидаам. Адвокати мо қариб бо мо гап намезанад."

Ин шахс афзуд, писараш дар Донишгоҳи исломӣ аз забони англисӣ дарс медод ва моҳи феврал дастгир шуд.

Бино бар маълумоти тасдиқнашуда, дар миёни боздоштшудаҳо раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара ва 20 донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар, бахусус Донишгоҳи исломӣ, зодагон ва сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайра ҳастанд. Чанде аз гумонбаршудагон дар "Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012" омӯзгор ва донишҷӯ будаанд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Бахтиёр Насруллоев мегӯяд: "Оид ба узв будан ё набудани муттаҳамон ба "Ихвон-ул-муслимин" чизе намедонам, аммо медонам, ки ин созмон дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба ин ташкилот аксар одамони босавод мепайванданд."

Вай афзуд, "парвандаи "ихвониҳо" парвандаи ақидавӣ аст, яъне ақидаи боздоштшудагонро мақомот "ихвонӣ" меҳисобанд, мухолифон чунин намеҳисобанд. Тибқи карори Додгоҳи олӣ фаъолияти созмон дар Тоҷикистон манъ аст, аз ин ҷо узв шудан ба он ҷиноят аст."

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Дар Тоҷикистон 18 созмон террористиву ифротгаро ва мамнуъ эълон шудаанд, ки феҳрасташон аз "Ал-Қоида" оғоз ёфта, ДОИШ-у Толибон, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24-ро дар бар мегирад ва бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа ба поён мерасад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Мақомот мегӯянд, ин бахше аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар кишвар аст. Мухолифону мунтақидони ҳукумат мегӯянд, боздоштҳо талоше барои тарсонидани ҷомеа аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Тоҷикистон набояд масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва ислоҳотхоҳон истифода кунад ва додгоҳи гумонбарон низ бояд ошкор ва бо ҳузури хабарнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.