Нақшаи ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон қариб 5% барзиёд иҷро шуд. Аз кадом ҳисоб?

Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳо ҳудуди 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,9 млрд доллар) маблағ ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда ба андозаи 4,7% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳо ҳудуди 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,9 млрд доллар) маблағ ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда ба андозаи 4,7% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 – 18,8% (қариб 3,4 млрд сомонӣ) зиёдтар мебошад.

Байни андозҳои асосӣ афзоиши ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дар муқоиса бо моҳҳои январ-октябри соли 2022 қариб ба миқдори 1,4 млрд сомонӣ, андоз аз даромад – 836,4 млн сомонӣ ва аксизҳо – 362,4 млн сомонӣ зикр мешавад.

Ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 62,0%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет дар ин давра ҳудуди 34,2 млрд сомониро ташкил додааст, ки 2,8% зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшуда аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат ният дорад, ки дар соли 2024 ҳаҷми афзоиши воридоти маблағ аз ҳисоби андозро қариб 15% зиёд кунад.

Воридоти маблағ аз андоз дар сохтори қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 26,3 млрд сомонӣ (2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст. Ин 3,3 млрд сомонӣ зиёдтар дар муқоиса бо ҳаҷми муқаррраршудаи воридоти маблағ аз андоз дар соли 2023 мебошад.

Аз ҷумла, соли оянда аз ҳисоби андозҳои дохилӣ, ки ба он Кумитаи андоз машғул аст, ҷамъоварии 18,9 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 8,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои тасдиқшуда воридоти маблағ аз ҳисоби андоз зиёда аз 61%-и даромади буҷетро дар сол 2024 ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии қисми даромади буҷет дар соли оянда ба маблағи 43 млрд сомонӣ (3,9 млрд доллар) ё худ 15,9% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми тасдиқшудаи даромадҳои буҷет дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.