Дар Тоҷикистон беш аз ним миллиард доллари шаҳрвандон қонунӣ гардидааст

Дар ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳудуди 5,7 миллиард сомонӣ (520 миллион доллар бо қурби имрӯзаи БМТ) қонунӣ шудааст. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 14 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ […]

Пайрав Чоршанбиев, Азия-Плюс

Дар ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳудуди 5,7 миллиард сомонӣ (520 миллион доллар бо қурби имрӯзаи БМТ) қонунӣ шудааст. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 14 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ аз моҳи августи соли 2021 то 31-уми декабри соли 2023 қонунӣ гардонида шудааст.

Фирдавс Толибзода зикр кард, ки як қисми маблағи қонунигардонидашуда дар бонкҳо ҳамчун пасандозҳои мӯҳлатдор гузошта шуда, қисми дигар ҳамчун сармоягузорӣ ва барои мубодилаи асъор истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5-уми июли соли 2021 қабул шуд. Қонунигардонӣ дар аввал барои 1 сол пешбинӣ шуда буд, аммо дар моҳи июни соли 2022 барои як соли дигар тамдид карда шуд – то 4 июли соли 2023. Тобистони соли гузашта он боз 6 моҳ дароз карда шуд.

Қонун эълони ихтиёрии маблағ ва амволро талаб мекунад. Моликони дороиҳое, ки қонунӣ гардонида мешавад, ба таври худкор аз ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ озод мешаванд.

Раҳбарияти БМТ қабули ин қонунро ба ҷалби сармояи изофӣ ба низоми молиявиву бонкӣ ва ба ин васила, афзоиши маблағгузории соҳаҳои мухталифи саноат ва бахшҳои иқтисоди кишвар рабт додааст.

Гуфта мешавад, ки аҳамияти қонунигардонии дороиҳо инчунин ба таъсиси корхонаҳои нав, афзоиши ҳаҷми сармояи саҳҳомии ширкатҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, воридоти иловагии андоз ба буҷет, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ғайра мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.