Тоҷикистон аз лиҳози рушди саноати сабук дар Осиёи Марказӣ пешсаф шуд

Аз лиҳози рушди саноати сабук Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои соли 2023 бо 18,9% миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи аввалро ишғол кард. Барои муқоиса: ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 18,8%, Ӯзбекистон – 17,4%, Қазоқистон ва Туркманистон – 8%-иро ташкил медиҳад. Нассоҷӣ афзалият дорад Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар моҳи январи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли […]

Аз лиҳози рушди саноати сабук Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои соли 2023 бо 18,9% миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи аввалро ишғол кард. Барои муқоиса: ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 18,8%, Ӯзбекистон – 17,4%, Қазоқистон ва Туркманистон – 8%-иро ташкил медиҳад.

Нассоҷӣ афзалият дорад

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар моҳи январи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 14,1% афзудааст. Аз ҳама бештар истеҳсоли матоъ (2,9 баробар) зиёд шудааст.

Дар истеҳсоли матоъҳои пахтагин суръати афзоиши хуб – 1,7 баробар, истеҳсоли ҷуроб – 14,8% ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот бо назардошти маҳсулоти корхонаҳои пахтатозакунӣ 5,6 млрд сомониро ташкил дод, ки 18,9% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Ҳиссаи саноати сабук дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии Тоҷикистон 11,8%-ро ташкил дода,аз лиҳози истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли неруи барқ ​​дар зинаи 4-ум аст.

Асоси саноати сабуки Тоҷикистонро бахши нассоҷӣ – зиёда аз 80% ва истеҳсоли либосу пойафзол ташкил дода, дигар соҳаҳо ҳиссаи ночиз доранд.

Соли 2023 дар Тоҷикистон беш аз 127 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шудааст. Тибқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, то охири соли 2025 то 138 ҳазор тонна расонидани нахи пахта ва то 57,5 ҳазор тонна расонидани риштаи пахтагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳукумат соҳаи саноати нассоҷӣ ва дӯзандагиро ҳамчун як соҳаи афзалиятнок барои рушди ояндаи кишвар мешуморад.

Корхонаҳои нави саноати сабук

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тайи 10 соли охир дар ин соҳа садҳо корхонаҳо мавриди истифода қарор гирифта, танҳо дар соли 2023 183 корхонаи нави саноати сабук таъсис дода шудааст.

Корхонаҳои нав асосан дар соҳаи коркарди пахта ва нахи пахта, чарм, пахтаи тиббӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли ҷуроб, маснуоти дӯзандагӣ, мебел ва халтаҳо ба истифода дода шуданд.

Дар байни корхонахои нави бузург метавон аз ҶСП “Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил” (иқтидораш коркарди 24,5 ҳазор тонна нахи пахта бо 530 ҷойи кории доимӣ), ҶДММ “Фарм Текс” оид ба истеҳсоли бастаҳои тиббӣ ва ороишӣ, воситаҳои гигиенаи шахсӣ (иқтидораш коркарди 2 тонна нахи пахта дар 1 рӯз), ҶСК “Гулистони Душанбе”, ки бо  хатҳои дӯзандагии технологӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин аст,  корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Ёқут-2000”, ҶДММ “Даҳбед” дар маркази Ҳисор ва ҶДММ “Ваҳдат Текстил” оид ба истеҳсоли ҷуроб (34 млн ҷуроб дар як сол бо 400 ҷойи корӣ) ва ғайра ном бурд.

Тоҷикистон барои бунёди кадом корхонаҳо маблағ меҷӯяд?

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъсиси корхонаҳои нави миқёсан бузург якчанд пешниҳодҳои сармоягузорӣ таҳия намудааст. Айни замон ҷиҳати дарёфти сармоягузорон ба ин соҳа корҳо ҷараён доранд.

Миёни онҳо пешниҳодҳоеро, аз қабили сохтмони комбинати нассоҷӣ дар Кӯлоб, фабрикаи бофандагӣ ва ресандагии ҶДММ «Ориё» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, фабрикаи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзоли чармӣ дар Душанбе ва МОИ “Суғд” ва ғайра зикр кардан мумкин аст.

Кадом маҳсулоти саноати сабук ба хориҷа бароварда мешавад?

Айни замон Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон маҳсулоти саноати сабукро содир мекунад. Соли 2023 маблағи содироти чунин маҳсулот 300 млн долларро ташкил дод, ки 19 млн доллар зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

Аз содироти маҳсулоти тайёр (калоба ва матоъ) кишварҳои асосии содиркунанда назар ба даромад аз содироти нахи пахта 8 баробар бештар даромад мегиранд.

Ғайр аз саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, дар ҷумҳурӣ 28 корхонаи хурди коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, ҳудуди 100 фабрикаи коркарди чӯб, 142 корхонаи истеҳсоли мебел фаъолият дошта, ахиран даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли уребчаҳо ва халтаҳои полипропиленӣ таъсис дода шуданд.

Мушкилоти соҳа

Имрӯз назди корхонаҳои соҳа вазифаҳои зерин гузошта шудааст: ҷорисозии технологияҳои муосир ва насби таҷҳилоти нав, инчунин рақамикунонӣ, азхудкунии истеҳсоли маҳсулоти нави дар бозори дохилӣ ва беруна рақобатпазир.

Албатта, ин вазифаҳоро бидуни дастгирии давлат иҷро кардан ғайриимкон аст, зеро 98%-и корхонаҳо хусусӣ ё ҷамъиятӣ мебошанд.

Ба гуфтаи коршиносон, сарфи назар аз дастовардҳо, монеъаҳое чун дастрасии маҳдуд ба захираҳои молиявӣ, норасии мутахассисони ҳирфаӣ ва муҳандисон қариб дар ҳамаи сохторҳои зертобеъи саноати сабук вуҷуд доранд. Ҳамчунин маоши пасти кормандони соҳа, ба таври доимӣ таъмин набудан бо барқ ва ғайраро низ метавон аз ҷумлаи мушкилоти соҳа ном бурд.

Барои ба бозор роҳ ёфтан технологияҳои кӯҳнашуда, имкони сусти ҷамъоварии маълумоти тиҷоратӣ, мавҷуд набудани сиёсати миллии муаррифии тамғаҳо низ монеъа эҷод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.