Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард

Мақомоти гумруки Ӯзбекистон бо сабабҳои ҳоло номаълум аз 5-6 ноябри соли равон барои анҷоми расмиёти гумрукии ҳар як тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳи машғул ба интиқоли ин маҳсулот хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, то ин дам ин маблағ 35 долларро ташкил медод. Ӯ бар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти гумруки Ӯзбекистон бо сабабҳои ҳоло номаълум аз 5-6 ноябри соли равон барои анҷоми расмиёти гумрукии ҳар як тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳи машғул ба интиқоли ин маҳсулот хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то ин дам ин маблағ 35 долларро ташкил медод.

Ӯ бар ин назар аст, ки боло бурдани маблағи пардохтҳои гумрукӣ бо маслиҳати корхонаҳои истеҳсоли сементи Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

“Тибқи маълумоти расида, рӯзи 16 октябр дар Самарқанд бо иштироки намояндагони баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент, ки сармоягузоронашон асосан шаҳрвандони Чин мебошанд, маҷлис баргузор шудааст. Дар маҷлис масоили марбут ба рушди соҳаи истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон, нархгузорӣ ба ин масолеҳи сохтмон, инчунин созиш (маслиҳат) байни истеҳсолкунандагони семент дар ин кишвар баррасӣ шудааст”, – гуфт ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”.

Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистон интиқолдиҳандаи асосии семент ба Ӯзбекистон аст. Талаботи солонаи воридоти семент ба ин кишвар 2,2 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба маблағи умумии 21 млн доллар ҳудуди 532 ҳазор тонна семент содир кардааст, ки 250 ҳазор тонна (7,8 млн доллар) камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Зиёда аз 300 ҳазор тонна (57% аз ҳаҷми умумӣ) семент ба Афғонистон ва беш аз 230 ҳазор тонна (43%) – ба Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.

Манбаъ таъкид дошт, ки айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон 30 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошта, сохтмон ва таъмиру навсозии чандин иқтидори дигар идома дорад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, манъи воридоти ин маҳсулот аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 низ ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори худ воридоти сементро аз 1 май то охири ҳамон сол боздошта буд. Аммо баъди се ҳафта бо қарори дигари худ аз 23 май ин маҳдудиятро бекор кард.

Қобили зикр аст, ки семент яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тоҷикистон аз соли 2018 аз рӯи ҳаҷми гардиши моли хориҷии Ӯзбекистон дар мақоми 5-ум қарор дорад. Интиқоли молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тайи 6 соли ахир аз 132 млн доллар дар соли 2018 то ба 353,4 млн доллар дар соли 2023 зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.