Шабакаҳои гармидиҳӣ нерӯи гармиро 50% қиматтар мехарад. Нарх барои аҳолӣ ҳам боло меравад?

Таърифаҳо (тарифҳо)-и нави гармидиҳӣ барои таъминкунандагони он дар шаҳри Душанбе аз 1-уми апрели соли 2025 то 50% баланд шуданд. Дар ин хусус қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 2025 тасдиқ шудааст, ки нусхаи онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. Мувофиқи ин қарор, Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе, ки таъминкунандаи гармӣ дар пойтахт аст, ҳамакнун […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Таърифаҳо (тарифҳо)-и нави гармидиҳӣ барои таъминкунандагони он дар шаҳри Душанбе аз 1-уми апрели соли 2025 то 50% баланд шуданд. Дар ин хусус қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 2025 тасдиқ шудааст, ки нусхаи онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.

Мувофиқи ин қарор, Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе, ки таъминкунандаи гармӣ дар пойтахт аст, ҳамакнун нерӯи гармиро аз истеҳсолкунандаҳо – марказҳои барқу гармидиҳӣ барои ҳар як Гкал 25,50 сомонӣ мехарад. Пештар он 17 сомонӣ буд.

Ҳамчунин, акнун ташкилоти буҷетӣ барои 1 Гкал нерӯи гармӣ 148 сомонӣ (қаблан 98,67 сомонӣ буд) ва ҳамаи истифодабарандагони боқимонда 170,20 сомонӣ (қаблан 113,47 сомонӣ буд) пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе аз истеҳсолкунандаҳои гармӣ- марказҳои барқу гармидиҳӣ гармиро мехарад ва онро бо нархе, ки бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мешавад, ба аҳолӣ пешиҳод мекунанд.

Ҳоло аҳолӣ барои ҳар 1 метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил дар як моҳ 1,18 сомонӣ пардохт мекунад.

Аз Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло маълум нест, ки нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам тағйир меёбад ё не.

“Ҳоло дар ин хусус ягон маълумот нест, маслиҳат ҳам нашудааст, агар нархи гармӣ боло ҳам равад ба мавсими нави гармидиҳӣ рост меояд”,-гуфтанд дар ин муассиса.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир таърифаҳои нерӯи гармӣ барои Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар истеъмолкунандагон бетағйир боқӣ монда буд.

Бори охир нархи гармӣ дар кишвар 1 –уми сентябри соли 2019 зиёд шуда буд. Он замони нархи нерӯи гармӣ барои Шабакаҳои гармидиҳӣ қариб ба андозаи 93,8%, (аз 8,77 то ба 17 сомонӣ) боло рафт.

Дар пайи ин, арзиши истифодаи нерӯи гармӣ барои аҳолӣ барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил аз 1,03 сомонӣ то ба 1,18 сомонӣ боло рафта буд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе нерӯи гармӣ интиқол дода мешавад. Мавсими гармидиҳӣ ҳамасола аз моҳи ноябр шурӯъ шуда, то моҳи апрели соли оянда давом мекунад. Неруи гармӣ асосан дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.