НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд

НБО Сангтуда-1 шуруъ аз соли 2025 ба ширкати “Барқи тоҷик” бо нархи 2,1 баробар арзонтар барқро мефурӯшад ва то соли 2034-ум 297 миллион доллар қарзи “Барқи тоҷик” дар назди ин нерӯгоҳ бахшида мешавад. Бар ивази ин, муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия то соли 2048 тамдид гардид. Ин тағйирот зимни як ҷаласаи палатаи поёнии парлумони кишвар ба […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

НБО Сангтуда-1 шуруъ аз соли 2025 ба ширкати “Барқи тоҷик” бо нархи 2,1 баробар арзонтар барқро мефурӯшад ва то соли 2034-ум 297 миллион доллар қарзи “Барқи тоҷик” дар назди ин нерӯгоҳ бахшида мешавад. Бар ивази ин, муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия то соли 2048 тамдид гардид.

Ин тағйирот зимни як ҷаласаи палатаи поёнии парлумони кишвар ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи НБО Сангтуда-1 аз 30 июли соли 2009 ворид карда шуд.

Ба навиштаи дафтари матбуоти ин ниҳод, ҷаласа рӯзи 16-уми июн баргузор гардида, ҳадаф ворид кардани тағйиру иловаҳо “ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” мебошад”.

Бино бар тағйироти воридшуда, аз соли 2025 ширкати “Барқи тоҷик” нерӯи барқро аз НБО Сангтуда-1 бо нархи 2,1 баробар арзонтар харидорӣ мекунад. Акнун нархи барқ аз 3,168 сент барои ҳар 1 киловват-соати кунунӣ то 1,5 сент паст карда шуда, то охири соли 2032 ба 2,2 сент баробар мешавад. Аз соли 2033 то охири соли 2048 нарх 3,3 сент хоҳад буд.

Дар баробари ин, муҳлати истофодаи НБО Сангтуда-1 аз сӯйи Русия барои 15 соли дигар, яъне то соли 2048 тамдид карда шуд. Тибқи тавофуқи пешин, НБО Сангтуда-1 то соли 2033 аз сӯйи Русия истифода мешуд.

Бар ивази ин, давоми солҳои 2025-2034 марҳила ба марҳила 297 миллион доллар (3,257 млрд сомонӣ) қарзи “Барқи тоҷик” дар назди НБО Сангтуда-1 соқит мешавад.

Инчунин, дар ин ҷаласа, ҳаҷми умумии сармояи ҷонибҳо дар НБО Сангтуда-1 847 миллион доллар муаяйн шудааст. Нерӯгоҳ бояд то соли 2049-ум 588 миллион доллар ба даст биёрад, то ҷонибҳо сармояи худро бозпас бигиранд.

 

Бояд гуфт, ки ҶСК “НБО Сангтуда-1” корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия буда, ҳиссаи Русия дар он 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи Тоҷикистон 25% ҷамъи 1 саҳмияро ташкил медиҳад.

Айни замон неругоҳ аз рӯи иқтидори муқарраршуда (670 МВт) пас аз неругоҳи “Норак” қарор дорад. Неругоҳ зинаи панҷуми силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш мебошад. Яъне агар неругоҳи ҳоло сохтмонаш нотамоми “Роғун”-ро ба назар нагирем, дар роҳи маҷрои дарёи Вахш болотар аз неругоҳи “Сангтуда-1” танҳо неругоҳҳои “Бойғозӣ” ва “Норак” қарор доранд.

НБО “Сангтуда-1” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон,  дар 110 километрии ҷануби Душанбе ҷойгир шудааст.

Неругоҳ 10% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳуриро таъмин мекунад.

Ин нерӯгоҳ то ин лаҳза чӣ гуна фаъолият кард, чаро ширкати “Барқи тоҷик” назди он қарздор шуд ва онро чӣ гуна шарҳ додааст, дар матлаби “Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтуда-1” 17 сол пур шуд” муфассал мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.