Шаби гузашта дар пойтахт бар асари сӯхтор соҳибхоназан ба ҳалокат расид

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар натичаи сӯхтор дар ҳудуди пойтахт 1 нафар ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» чанд дақиқа пеш масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ Кароматулло Абдуллоев хабар дод, сӯхтор дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Татяна Аъзамоваи 51-сола, воқеъ дар кӯчаи Федина 26 ҳуҷраи 19, соати […]

Шавкат Раҳматуллоев


Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар натичаи сӯхтор дар ҳудуди пойтахт 1 нафар ба ҳалокат расид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» чанд дақиқа пеш масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ Кароматулло Абдуллоев хабар дод, сӯхтор дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Татяна Аъзамоваи 51-сола, воқеъ дар кӯчаи Федина 26 ҳуҷраи 19, соати 20-и шаби гузашта ба амал омад.



Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ғализ соҳибхоназан Аъзамова фавт кардааст. «Тафтишот оид ба муайян намудани сабабҳои сар задани сӯхтор, ки 15 метри мураббаъро фаро гирифт,

 

феълан идома дорад», – гуфт Абдуллоев ва афзуд, ки бино ба маълумоти пешакии коршиносон, оташсӯзӣ дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии шамъ ба вуқӯъ омадааст.



Ба иттилои Кароматулло Абдуллоев, дар давоми ин ҳафта дар миқёси ҷумҳурӣ, 15 сӯхтор бо хисороти молии наздики 8 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд, ки масоҳати умумии онҳо беш аз 100 метри мураббаъро ташкил намуд.

    



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.