Бар асари селфароӣ дар Суғд 1 мард ҳалок шуд

Дар вилояти Суғд ҷасади марди 57-сола дарёфт шуд, ки бар асари селфароӣ дар ноҳияи Айнӣ бедарак шуда буд. Дар ноҳияи Айнӣ дар пайи боришоти шадиди рӯзи 27 июн дар чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла рустоҳои Лангар, Вашан ва Ревади ҷамоати Урметан сел фаромада, дар деҳаи Куми ҷамоати Дар-дар роҳҳои мошингард ва заминҳои кишт осеб […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар вилояти Суғд ҷасади марди 57-сола дарёфт шуд, ки бар асари селфароӣ дар ноҳияи Айнӣ бедарак шуда буд. Дар ноҳияи Айнӣ дар пайи боришоти шадиди рӯзи 27 июн дар чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла рустоҳои Лангар, Вашан ва Ревади ҷамоати Урметан сел фаромада, дар деҳаи Куми ҷамоати Дар-дар роҳҳои мошингард ва заминҳои кишт осеб диданд.

Тавре корманди маркази матбуоти ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд Шаҳзода Буттаева хабар дод, субҳи имрӯз дар деҳаи Вашан ҷасади марди 57-солаи сокини маҳаллӣ дарёфт шудааст, ки дар кӯҳ ба чаронидани чорво ва ҳезумчинӣ машғул буда, пас аз фаромадани сел дигар ба хона барнагаштаааст.

«Ҳамчунин сокини 16-солаи деҳаи Путхини ноҳияи Айнӣ низ осеб дида, ӯ ҳангоми чаронидани чорво дар мавзеи Такоб зер сангфароӣ мондааст, – иброз дошт номбурда. – Наврас ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ аст».

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 27 июн ҳамчунин дар пайи боришоти шадид ва фаромадани сел дар ноҳияи Шаҳристон чанде аз қисматҳои роҳҳои мошингард миёни деҳаҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳристон шуста шуда, се манзили зист дар деҳоти Ҳисори ҷамоати Бунҷикати ноҳия қисман хароб шудааст.

Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд хотиррасон кард, ки аҳолии вилоят аз боришоти шадид ва эҳтимоли обхезиву селфароӣ пешакӣ огоҳ гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.