КҲФ аз шумори заминларзаҳои соли равон дар Тоҷикистон хабар дод

Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 411 ҳолат ва ҳаводиси фавқулода (520 – ҳамин давраи соли 2022) ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла 335 ҳодисаи тармафароӣ, 19 сангреза, 13 обхезӣ, 6 бӯрон, 2 боришоти пуршиддат, 1 ҳолати болоравии сатҳи об ва 1 ҳолати сардии шадид […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 411 ҳолат ва ҳаводиси фавқулода (520 – ҳамин давраи соли 2022) ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла 335 ҳодисаи тармафароӣ, 19 сангреза, 13 обхезӣ, 6 бӯрон, 2 боришоти пуршиддат, 1 ҳолати болоравии сатҳи об ва 1 ҳолати сардии шадид сабт шудааст.

Гуфта мешавад, аз шумори умумии ҳолатҳои фавулода, танҳо бар асари 19-тои он (семоҳаи 1-уми соли гузашта низ 19-то) ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар ба маблағи 20 млн 334 ҳазору 400 сомонӣ (4 млн 235 ҳазору 400 сомонӣ – январ-марти соли 2022) зарар расонида шудааст.

Дар се ҳодисаи ҳолатҳои фвақулода 24 нафар ҳалок шуданд.

Қариб ҳамаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ рух дод

Мувофиқи таҳлилҳо, миқёси фарогирии офатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар аз рӯи фоиз тариқи зайл аст:

– Тармафароиҳо – 52,6% (шаҳру навоҳии Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ);

– Сангреза – 15,8% (ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Роштқалъа);

– Селфароиҳо -10,5% (ноҳияҳои Файзобод ва Тоҷикобод);

– Барфреза – 5,3% (ноҳияи Дарвоз);

– Сардии шадид – 5,3% (ноҳияи Дарвоз)

 – Заминларза  – 5,3% (ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Рашт ва Нуробод).

Кӯдакон ғарқ мешаванд

КҲФ ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиву шиноварӣ 18 нафар ғарқ шуданд, ки нисфи онҳо (9 нафар) ноболиғони синни то 16-солаанд.

Дар ин давра имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ 5 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Сабаби ғарқшавии кӯдакону наврасони зиёдро Кумита ба муносибати хунукназаронаи волидон ба онҳо, риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда нисбат медиҳад.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хотиррасон намудаанд, ки мавсими обоозӣ дар кишвар ҳоло оғоз нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио