Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд

Дар ин бора "Astana TV" иттилоъ дода, навиштааст, автобусе, ки ҳомили мусофирон буд, тавассути масири Шимкент-Самара ба Русия ҳаракат мекард. Аммо манбаъ мегӯяд, ин автобус ба далели сардии зиёд ва яхбандии роҳ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон вайрон шудааст. Маълум нест, ки дар дохили автобус чанд шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Ва ҳам аниқ нест, ки онҳо роҳашонро дубора […]

Asia-Plus

Дар ин бора "Astana TV" иттилоъ дода, навиштааст, автобусе, ки ҳомили мусофирон буд, тавассути масири Шимкент-Самара ба Русия ҳаракат мекард. Аммо манбаъ мегӯяд, ин автобус ба далели сардии зиёд ва яхбандии роҳ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон вайрон шудааст.

Маълум нест, ки дар дохили автобус чанд шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Ва ҳам аниқ нест, ки онҳо роҳашонро дубора ба Русия давом медиҳанд ё аз роҳ бармегарданд.

Ба навиштаи манбаъ, наҷотдиҳандагон ҳамаи мусофиронро ба ҷои амну гарм интиқол додаанд.

Ин бори аввал нест, ки автобусҳо дар масирҳои Қазоқистон дар фасли сармо ба мушкил дучор мешаванд. Қаблан 7-уми ноябр низ дар роҳи Самара-Шимкент як автобуси пур аз мусофир, ки аз Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, вайрон шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.