Ронандае, ки дар як садама дар Ҷаббор Расулов сабаби марги 6 нафар шуд, боздошт шудааст

Дар пайи садамаи мудҳише, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд рух дода, боиси марги 6 нафар гардид, ронандаи сабабгори садама гардида боздошт шудааст. Ӯ ҳоло дар шифохона аст. Садама рӯзи 29-уми май дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дод. Ба иттилои ВКД, Дониёр Қубонбоев, ронандаи 23-солаи мошин “Опел-Комбо” ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Гулхонаи […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар пайи садамаи мудҳише, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд рух дода, боиси марги 6 нафар гардид, ронандаи сабабгори садама гардида боздошт шудааст. Ӯ ҳоло дар шифохона аст.

Садама рӯзи 29-уми май дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дод. Ба иттилои ВКД, Дониёр Қубонбоев, ронандаи 23-солаи мошин “Опел-Комбо” ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ин ноҳия ба самти муқобил баромада, ба мошини “Опел-Зафира”, таҳти идораи Атохон Ҷумахмедови 36-сола бархӯрд.

Атохон Ҷумахмедов мураббии варзиш буд ва дар мошин шогирдонаш – варзишкорони наврас қарор доштанд.Дар пайи ин садама, ҳарду мошин оташ гирифт ва панҷ мусофир дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд:

– Муслиҳиддин Мирзошавкатзода (16 – сола);

– Муҳаммадхон Асадхонзода (16 – сола);

– Ҳадятулло Сулаймонов (16 – сола);

– Атохон Ҷумахмедов (мураббии варзиш);

– Обидҷон Обидов (мусофири 31-солаи мошини  “Опел-Комбо”).

Чор нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба шифохона интиқол ёфтанд.

Бо гузашти 4 рӯз, Ҳасанҷон Юнусов 16-сола низ ҷон бохт. Ӯро рӯзи 3-юми июн ба хок супориданд.

Ҷамолиддин Халилзода, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба “Азия-Плюс” гуфт, 70% ҷисми Ҳасанҷон Юнусов сӯхта буд.

 

Ҳамин тавр, дар пайи ин садама, дар умум 6 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафари онҳо варзишгарони 16-сола буданд.

Наздикону пайвандони ҷонбохтагон нахостанд бо расонаҳо суҳбат кунанд.

Салмоншоҳ Сарварзода, ки ӯ низ 16-сола ва варзишгар аст, пояш шикастааст ва баъди як муддат табобат ба хона рухсат шудааст.

Иқболҷон Юнусов бошад, ҳоло дар шифохона бистарӣ аст. Табибон мегӯянд, барои наҷоти ӯ талош доранд.

Ҷамолиддин Халилзода гуфт, ки 58-60% ҷисми Иқболҷон Юнусов сӯхтааст, аз ин лиҳоз, вазъи ӯ ҳоло вазнин аст.

Дониёр Қубонбоев, ронандаи мошин “Опел-Комбо”, ки ВКД ӯро омили асосии садама гуфтааст, бо ҷароҳатҳои гуногун дар шифохона бистарӣ аст.

 

Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" гуфт, ки нисбати Дониёр Қурбонбоев барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст  (қисми 3, моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Ин банди қонун аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад

Ҳарчанд қарори боздошти ин ронанда содир шудааст, аммо бо назардошти вазъи саломатӣ, ӯ ҳоло дар бемористон зери назари кормандони мақомоти милитсия қарор дорад.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар пайи 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ 552 нафар (соли 2023 -1 ҳазору 111 садама –  519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.