Қаллобии “табиби халқӣ” ошкор шудааст

Марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки моҳи сентябри соли равон ҳамсари ӯро зани 37-солаи сокини ноҳияи Балхии вилояти Хатлон фиреб кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зани қаллоб ҳамсари 31-солаи мард итминон додааст, ки бо воситаи дуохонӣ дар маблағ ва ё ҷавоҳироти тиллоӣ ҳама гуна […]

Марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки моҳи сентябри соли равон ҳамсари ӯро зани 37-солаи сокини ноҳияи Балхии вилояти Хатлон фиреб кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зани қаллоб ҳамсари 31-солаи мард итминон додааст, ки бо воситаи дуохонӣ дар маблағ ва ё ҷавоҳироти тиллоӣ ҳама гуна мушкилотро бартараф мекунад. Дар пайи аризаи ӯ зан боздошт мешавад.

Ҳамсараш ҷамъ ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиашро пешниҳод мекунад, ки онро дуохонӣ карда, ба рӯймол печонида ба бадани ӯ мебандад, то ки хироҷи (кирми) баданашро резонад, – омадааст дар маълумот. – Баъдан номбурда аз дохили рӯймол ҷавоҳиротро гирифта, ба ҷояш пахта пур карда, ба бадани ҳамсараш мебандад ва мегӯяд, дар муддати ду соат рӯймолро аз баданаш накушояд, ки ӯ пас аз ду соат омада боз дуохонӣ мекунад”.

Гуфта мешавад, пасон номбурда бо роҳи пинҳонӣ ҷавоҳироти тиллоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 105 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Ҳамчунин номбурда рӯзи 12-уми ноябри соли 2019 бо ҳамин роҳ ба боварии зани 53-солаи сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ 58 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – иттилоъ медиҳад ВКД.

Нисбат ба зани боздоштшуда, ки қаблан барои қаллобӣ маҳкум шуда буд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.