“Занҳои зеборо ба Арабистони Саудӣ мефиристод”. Роҳбари ширкати “Ҷамол-2012” барои савдои одамон 12 сол зиндонӣ шуд

Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол – 2012” аз сӯйи Додгоҳи Олӣ барои савдои одамон гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда шуд. Дар ин бора Додситонии кулли кишвар дар сомонаи худ иттилоъ додааст. Ба навиштаи манбаъ, Ҷамолиддин Расулов бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷавонзанҳоро аз рӯйи синну сол ва ҳусни зебо интихоб карда, […]

admin

Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол – 2012” аз сӯйи Додгоҳи Олӣ барои савдои одамон гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда шуд.

Дар ин бора Додситонии кулли кишвар дар сомонаи худ иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, Ҷамолиддин Расулов бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷавонзанҳоро аз рӯйи синну сол ва ҳусни зебо интихоб карда, баъдан бо кӯмаки баъзе аз роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки ба Тоҷикистон даъват мекардааст, занҳои интихобшударо “ба корфармоён интиқол додааст”.

Ин нафар давоми солҳои 2021-2022 танҳо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зиёда аз 122 нафар шаҳрвандонро барои кор фиристодааст, ки аксари онҳо занон мебошанд.

“Мутаассифона, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ва шартномаҳои басташуда кафилон ва корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти ивази ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳӯқуқҳои фардии шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд”, – зикр мешавад дар хабари Додситонии кулл.

Гуфта мешавад, ки Ҷамолиддин Расулов дар як вақт директори генералии  ҶДММ “Ҷамол-2012”ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда бо моддаҳои 1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г,е,ё”, 32 қисми 3-1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,е,ё”, 340 қисми 2 бандҳои “б,в“ ва 3352 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба айбдор дониста шудааст.

Прокуратураи генералӣ ба Ҷамолиддин Расулов оид ба 22 лаҳзаи чунин ҷиноятҳое, ки дар давоми солҳои 2016 то соли 2022 содир кардааст, айб эълон кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки номи ширкати “Ҷамол-2012” ва роҳбари он Ҷамолиддин Расулов чанд сол пештар, дар пайи шикояти гуруҳе аз занон ба Радиои Озодӣ расонаӣ гардид. Он замон, занҳои шикояткарда иддао карда буданд, ки ин ширкат ва роҳбари он занҳоро ба Арабистони Саудӣ бо баҳонаи кор бурда, мисли ғулом истифода мебаранд. Худи Ҷамолиддин Расулов зимни суҳбат бо ин расона иддаоҳоро рад карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ