Сарбозе, ки мӯйи сари наваскаронро тарошида “КОНИБОДОМ” навишт, 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне  “сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне  “сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, гунаҳкор донист ва барои 5 сол равонаи зиндон кард.

Дар ин бора аз Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Дар ҳукми додгоҳ зикр мегардад, ки Муҳриддин Исмоилов бо мақсади нишон додани бартарию таванмандии худ  шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.

“Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои  КОНИБОДОМ тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Таъкид мегардад, ки номбурда бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти дигар ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст ва аксро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15-уми июни соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.

Бояд зикр кард, Муҳриддин Исмоилов тобистони соли ҷорӣ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шудани аксе, ки дар он дар сари нуҳ аскар якҳарфӣ бо тарошидани мӯйи сар номи "Конибодом" навишта шуба буд, дастгир гардид.

Дар пайи боздошт, Додситонии кулли Тоҷикитсон 20-уми июн, бо нашри як вокуниш ҳақиқӣ  будани ин аксро тасдиқ карда, навишт, ки рӯзи 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи як қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов дар сари нуҳ сарбози навдаъватшуда “ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда… мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”.

Бояд гуфт, ки давоми як соли охир ин мавриди дуввуми пурсару садои ба ҷавобгарӣ кашидани базургсарбозон барои таҳқиру тавҳини наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон аст.

Қаблан, Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва 7 сарбозро барои латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 9,5 то 11,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Ин афсару сарбозон низ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани навори латукӯби наваскарон ва вокуниши сокинон боздошту ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон дарди кӯҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи меҳтарсолорӣ ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио