Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ

Оҷонсии зиддифасод бо нашри як иттилоия гуфт, Абдулоиқ Саидов, муассис ва роҳбари ҶДММ “Лоиқ” моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмони бинои дуошёнаи ошхонаи Маркази миллии тестӣ (ММТ) 142 ҳазору 693 сомонӣ маблағи буҷетро тасарруф кардааст. Ӯ ин маблағро бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ аз худ карда, барои иҷрои барзиёди кор ҳуҷҷати қалбакӣ омода ва […]

Оҷонсии зиддифасод бо нашри як иттилоия гуфт, Абдулоиқ Саидов, муассис ва роҳбари ҶДММ “Лоиқ” моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмони бинои дуошёнаи ошхонаи Маркази миллии тестӣ (ММТ) 142 ҳазору 693 сомонӣ маблағи буҷетро тасарруф кардааст.

Ӯ ин маблағро бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ аз худ карда, барои иҷрои барзиёди кор ҳуҷҷати қалбакӣ омода ва ба роҳбарияти ММТ пешниҳод кардааст.

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Абдулоиқ Саидов “нақшаи ҷинояткорона”-и тасарруфи маблағҳои буҷетиро пешакӣ таҳрезӣ карда буд.

“Бо мақсади рӯйпӯш намудани амалҳои ҷиноятиаш худи ҳамон вақт санади иҷроиши корҳои сохтмониро вобаста ба иншооти мазкур бо роҳи сохтакорӣ омода намуда, дар он ҳаҷми кор, арзиши масолеҳ ва меъёрҳои сохтмониро барзиёд нишон дода, барои истифодабарии минбаъда ҳуҷҷати баръало қалбакиро ба Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ пешниҳод кард”, – омадааст дар хабарномаи Оҷонсии зиддисасоди кишвар.

Ин ниҳод мегӯяд, насбати Абдулоиқ Саидов ва шариконаш барои азхудкунӣ ё моддаи 245 қисми 3 банди “а” ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ё моддаи 340 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба додгоҳ исрол шудааст. Дар бораи шарикони Саидов маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё не.

Назари худи Абдулоиқ Саидов ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.