27 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ҷазои як корманди милиса дар Суғд барои гирифтани пора

Як корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шудааст. Дар ин бор аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ҳукми Шерзод Тоҷибоев, корманди шуъбаи хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 30-юми май аз сӯи додраси […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шудааст. Дар ин бор аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ҳукми Шерзод Тоҷибоев, корманди шуъбаи хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 30-юми май аз сӯи додраси Додгоҳи вилояти Суғд Боир Зоирзода содир шудааст.

Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли равон “ба боварии Зиёвуддин Кароматуллозода, як сокини шаҳри  Хуҷанд даромада, бо суйистифода аз мақоми хизматӣ барои ба кор қабул кардан ба шуъбаи "Муҳофиза"-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 4 ҳазор  сомонӣ гирифтааст”.

Бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд Шерзод Тоҷибоев барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2) 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муддати ду сол маҳрум карда шуд.

Инчунин, ӯ 4 ҳазор сомонӣ зарари расонидаро барқарор кардааст.

Назари худи Шерзод Тоҷибоев, вакили дифоъ в аназдиокни ӯ ба ин ҳукм маълум нест.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.