Қариб 900 сомонӣ ҷарима. Муҷозоти нав барои волидони “хонандагони дарсгурез”

Дар Тоҷикистон зина ба зина уҳдадории падару модарон барои таълиму тарбияи фарзанд ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо сангинтар мешавад: аз ин пас волидони муҳассилин барои бесабаб зиёда аз 50 соат ба дарс наомадани фарзандашон то 864 сомонӣ ҷарима баста мешаванд. Ин ҷазо дар тағйироте, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд, қайд […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон зина ба зина уҳдадории падару модарон барои таълиму тарбияи фарзанд ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо сангинтар мешавад: аз ин пас волидони муҳассилин барои бесабаб зиёда аз 50 соат ба дарс наомадани фарзандашон то 864 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Ин ҷазо дар тағйироте, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд, қайд гардидааст.

Дар қисми 1-и моддаи 90-и кодекси мазкур зикр мешавад, ки “барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 50 соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.

Ҳоло 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин муқаррарот акнун волидони “хонандагони дарсгурез” аз 720 то 864 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Агар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран ҳолати дарсгурезӣ ба қайд гирифта шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима таъйин мегардад.

Қаблан дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин ҷазо пешбинӣ нагардида буд. Танҳо зикр мегардид, ки барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон, истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ сарпарастони кӯдакон ҳангоми набудани аломати ҷиноят огоҳӣ ё аз 3 то 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 576 сомонӣ) ҷарима баста мешаванд.

Бояд гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба тағйиру иловаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмур имзо гузошт ва он рӯзи 22-юми июн дар нашрияи расмии кишвар – “Ҷумҳурият” ба нашр расида, ҳукми иҷро пайдо кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки қонунгузории кишвар ба тадриҷ раванди ба таҳсил фаро гирифтани кӯдаконро мушаххас ва ҷазо барои аз таҳсил дур мондани хонандагонро сангинтар карда истодааст.

Чанде пештар ҷазо барои монеъ шудан ба таҳсили хонандагон то синфи 11 сангинтар шуда, барои ин то 86 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҳатто то 2 соли зиндон пешбинӣ гардид.

Ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд ва дар асоси моддаи 164-и тағйиру иловаҳои кодекси мазкур, ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба андозаи аз 1 ҳазор то 1 ҳазору 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ мешавад.

Ғайр аз ин, дар асоси тағйироте, ки моҳи феврал ба Қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид.

Дар сурати қатъи таҳсил, бояд хонанда омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома диҳад.

Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 қатъи таҳсил кунанд.

Ёдовар мешавем, ки таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2030-юм 12-сола мешавад ва қабул ба синфи 1-ум аз 6-солагӣ оғоз меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.