Додситон: Мурофиаи парвандаи таркиши мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб моҳи август ба охир мерасад

Муовини додситони вилояти Хатлон Ҳамзаалӣ Музофирзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл изҳор намуд, ки мурофиаи парвандаи таркиши мошини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода моҳи август ба охир мерасад. “Ман шахсан дар парванда ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ҳузур дорам. Айни замон мурофиа аз рӯи парванда дар арафаи анҷомёбист: танҳо […]

Билоли Шамс, Asia-Plus

Муовини додситони вилояти Хатлон Ҳамзаалӣ Музофирзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл изҳор намуд, ки мурофиаи парвандаи таркиши мошини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода моҳи август ба охир мерасад.

“Ман шахсан дар парванда ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ҳузур дорам. Айни замон мурофиа аз рӯи парванда дар арафаи анҷомёбист: танҳо шунидани суханҳои охирини айбдоркунандагон ва содир шудани қарори додгоҳ боқӣ мондааст”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи додситон, аз рӯи ин парванда 9 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

“Ҳамаи онҳо ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд. Аз 9 нафари айбдоршаванда 8 нафар мард ва 1 нафарашон зан мебошанд. Роҳбари гурӯҳ – Маҷидзода (номаш зикр нашуд – Эзоҳи идора). Зан ҳамсараш аст, ки парчами “Давлати исломӣ”-ро дӯхта, бо дигар аъзои гурӯҳ ҳамкорӣ мекард. Нисбати ӯ бо моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст”, – зикр кард Музофирзода.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 январи соли равон дар деҳаи Тӯдакафш мошини хидматии Салим Сайвализода дар назди хонааш таркида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд.

Моҳи феврал вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки  аз рӯи ин парванда гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале бинобар сабаби сирри тафтишот аз шумораи муайян ном набурд.

Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб будаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.