Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон. Додситони Суғд хостори назорати қатъии хонандагон шуд

Додситони вилояти Суғд хостори назорати қатъӣ ва доимии хонандагон шуда, дастур додааст, ки омӯзгорону волидайни донишомӯзонро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ боздоранд. Дар робита ба назорати хонандагон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам нигаронӣ карда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд. Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд рӯзи 28-уми октябр дар ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолон, имомхатибон, роҳбарони ташкилоту […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Додситони вилояти Суғд хостори назорати қатъӣ ва доимии хонандагон шуда, дастур додааст, ки омӯзгорону волидайни донишомӯзонро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ боздоранд. Дар робита ба назорати хонандагон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам нигаронӣ карда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд рӯзи 28-уми октябр дар ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолон, имомхатибон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, ва раисони ҷамоатҳои деҳот мулоқот анҷом додааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, додситон хостори “назорати қатъӣ ва доимӣ”-и донишандӯзии хонандагон шудааст.

Инчунин, ӯ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аз фаъолони ҷомеа ва ходимони дин хостааст, ки дар ин маврид “бо аҳолӣ бештар кор кунанд”.

Ғайр аз ин, таъмини ҷавонон бо ҷойи доимии корӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, танзими ҷашну маросим, қонуншиканӣ дар самти замин, пешгирии хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавзӯи ин мулоқот будааст.

Фурқат Хоҷазода бо таваҷҷӯҳ ба таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва риояву иҷрои талаботи қонунҳо гуфтааст, ки “баҳри пешгирии ҷинояткорӣ бояд шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Ин дастури додситони вилояти Суғд дар ҳолест, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар масоили болозикрро дар чанд суханронӣ ва мулоқотҳои ахираш мавриди интиқоди шадид қарор дода, ба масъулин супоришҳои махсус дода буд.

Аз ҷумла, раисҷумҳури кишвар дар суханронии худ дар “Рӯзи дониш” ба дарс ҳозир нашудани хонандагон ва омӯзгоронро ба чолиш кашида ва онро яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва ҳалталаби соҳаи маориф гуфта буд.

Ӯ ҳамчунин, аз сохторҳои қудратии кишвар хоста буд, ки бедалел ба фаъолияти мактабу омӯзгор дахолат накунанд.

Дирӯз, 29-уқми октябр дар як мулоқоти дигар Эмомалӣ Раҳмон аз тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб бори дигар нигаронӣ карда, гуфт, “гарчанде дар суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид карда будам, ки тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор дода шавад, лекин то ҳанӯз ин камбудиҳо ҷой доранд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.