Раиси пешини Конибодом барои 12 сол равонаи зиндон шуд

Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси пешини шаҳри Конибодом, барои “гирифтани пора” ва “қаллобӣ” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳи ин шаҳр ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Хабари содир шудани ҳукмро дар Додгоҳи шаҳри Конибодом ва Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, аммо “ба далели қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм”, ҷузъиёти онро ошкор накарданд. Назари худи Тӯхтасунзода, пайвандони […]

Asia-Plus

Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси пешини шаҳри Конибодом, барои “гирифтани пора” ва “қаллобӣ” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳи ин шаҳр ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст.

Хабари содир шудани ҳукмро дар Додгоҳи шаҳри Конибодом ва Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, аммо “ба далели қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм”, ҷузъиёти онро ошкор накарданд.

Назари худи Тӯхтасунзода, пайвандони ӯ ва вакили дифояш ба ҳукми содиршуда маълум нест.

Абдусалом Тӯхтасунзода, пас аз бештар аз 4 соли кор дар маснади раиси шаҳри Конибодом, моҳи январи соли гузашта аз вазифа озод ва тақрибан аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон боздошту ба Тоҷикистон оварда шуда буд.

Ҳафтаи гузашта, 30-юми апрел, Додгоҳи шаҳри Конибодом Тӯхтасуновро бо ду банди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “гирифтани пора” (моддаи 319) ва “қаллобӣ” (моддаи 247) гунаҳкор донистааст. Ҳукми ӯ, тибқи иттилои манобеи “Азия-Плюс”, дар як мурофиаи пӯшида содир шудааст.

Қаблан ҳамсари Абдусалом Тӯхтасунзода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” боздошти шавҳарашро кори дасти душманон хонда, шавҳарашро бегуноҳ гуфта буд.

“Шавҳари ман ба ин хел корҳои даст заданашон мумкин нест. Ин корҳоро душманонашон ташкил ва расонаӣ карданд”, – афзуда буд ӯ.

Аммо пас аз як ҳафтаи содир шудани ҳукм, дастрас кардани назари ӯ ба қарори додгоҳ ба хабарнигори мо муяссар нашуд. Ҳамин тавр, номаълум аст, ки онҳо аз ҳукми додгоҳ ба зинаи болои шикоят бурдаанд ё не.

Абдусалом Тӯхтусунзода 50 сол дошта, бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2020 аввал иҷрокунанда вазифаи раиси шаҳри Конибодом ва баъди чанд моҳ раиси ин шаҳр таъин гардид. Ӯ то моҳи январи соли 2025 дар ин маснад кор кард.

Бояд гуфт, тибқи иттилои манобеи мо, якҷо бо Тӯхтасунзода, чанд мақомдори пешини шаҳри Конибодом низ боздошт шудаанд. Аммо онҳо мушаххасан ба кадом ҷурм муттаҳам мешаванд, номаълум аст.

Мақомот ҳам дар ин бора иттилои расмӣ ироа накардааст.

Ҳамин қадар маълум аст, ки ҳамаи онҳо пас аз ташрифи гурӯҳи вижа ҷиҳати таҳқиқи кушторҳои пуровоза ва мармуз дар Конибодом давоми соли гузашта, боздошт шудаанд.

Дар пайи ин кушторҳо, ки аз моҳи март то декабри соли 2024 дар Конибодом рух дод, 23 узви 7 оила кушта шуданд. 21-уми декабри соли 2024 Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ҷинояти кушторҳо ошкор шудаву 4 гумонбар боздошт гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.