Нерӯгоҳи “Роғун” аз нишондиҳандаи пешбинигардида пуриқтидортар мешавад

Иқтидори насбшудаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони он 3780 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Дар ин бора ҶСК “НБО Роғун” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, иқтидори насбшудаи ҳар кадоме аз 6 агрегати ин нерӯгоз ба 630 МВт баробар мешавад. “Ин имкон медиҳад, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 14 400 гигаватт-соат […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иқтидори насбшудаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони он 3780 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Дар ин бора ҶСК “НБО Роғун” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, иқтидори насбшудаи ҳар кадоме аз 6 агрегати ин нерӯгоз ба 630 МВт баробар мешавад.

“Ин имкон медиҳад, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 14 400 гигаватт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шавад”, – таъкид мешаваддар хабар.

Ёдрас мекунем, ки соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи бару дар ҳамаи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон 22 428 гигаватт-соатро ташкил дод.

Қаблан дар назар буд, ки иқтидори насбшудаи нерӯгоҳи “Роғун” баъди комилан ба охир расидани сохтмони он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар бинои нерӯгоҳ 6 гидроагрегати иқтидори ҳар кадоме 3600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳварӣ насб карда мешаванд.

Сохтмони минбаъдаи нерӯгоҳи “Роғун” дар ду марҳила амалӣ мешавад:

– дар соли 2028 расидани сарбанд то баландии 1,185 метр аз сатҳи баҳр бо иқтидори насбшудаи 1,660 МВт (400 МВт барои блокҳои 5/6, 1260 МВт барои блокҳои 3/4);

– дар соли 2035 расидани сарбанд то баландии 1,300 метр аз сатҳи баҳр бо иқтидори насбшудаи 3,780 МВт (630 МВт дар ҳамаи 6 блок);

“Марҳилаи аввал, ки арзишаш 3,39 млрд доллар арзёбӣ мешавад, аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Фонди рушди арабии иқтисодии Кувейт, Фонди ОПЕК оид ба рушди байнулмилалӣ, Фонди Саъудии рушд ва дигар ташкилотҳои сармоягузор маблағгузорӣ мешавад”, – таъкид мешавад дар хабар.

Маблағи зарурӣ барои комилан ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳ 6,3 млрд доллар арзёбӣ мешавад.

Айни замон ду агрегати аввали нерӯгоҳи “Роғун” бо иқтидори паст кор мекунанд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, соли 2024 дар ин 2 агрегат зиёда аз 1,2 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки он ба ҳудуди 5,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Бино ба маълумоти расмӣ, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” зиёда аз 40 млрд сомонӣ (ҳудуди 4 млрд доллар) равона шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (890 млн сомонӣ), евробондҳо (500 млн доллар) ва боқимонда – аз ҳисоби буҷети давлатӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.