Боздошти писар бо гумони латукӯб ва куштори падар дар Суғд

 Як ҷавони 34-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони латукӯб ва куштори падари 67-солааш боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 14-уми октябр Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин падару писар сокинони ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи мазкур буда, ҳангоми мастӣ байнашон муноқиша сар задааст. Дар натиҷа, […]

Asia-Plus

 Як ҷавони 34-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони латукӯб ва куштори падари 67-солааш боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 14-уми октябр Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин падару писар сокинони ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи мазкур буда, ҳангоми мастӣ байнашон муноқиша сар задааст. Дар натиҷа, ба қавли пулиси Суғд, ҷавон падарашро бо корд мезанад, ки боис ба марги ӯ мешавад.

Мақомот гуфтаанд, гумонбаршуда барои пинҳон кардани кирдори худ ҷасади падарашро ба ҳавз партофтааст. Назари боздоштшуда дар робита ба ин гуфтаҳои пулиси Суғд ба расонаҳо маълум нест.

Ӯ дар гузориши мақомот тасдиқ мекунад, ки ин корро анҷом додааст, вале маълум нест, ин навор таҳти чӣ шароите сабт гардидааст.

Мақомот алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин итиҳом, ба ӯ аз 15 соли зиндон то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи  соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.