Ғалабаи дуввуми тими миллии футболи Тоҷикистон дар муқобили Малдив

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври 4-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили Малдив пирӯзӣ ба даст овард. Ин рақобат дар гурӯҳи “А” дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Малеи кишвари Малдив баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Голҳои тими миллии Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев (ду гол) ва Манучеҳр Сафаров ба самар расонид. […]

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври 4-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили Малдив пирӯзӣ ба даст овард.

Ин рақобат дар гурӯҳи “А” дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Малеи кишвари Малдив баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Голҳои тими миллии Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев (ду гол) ва Манучеҳр Сафаров ба самар расонид.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими Филиппин муқобили Тимори Шарқӣ бозӣ карда, бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Акнун пас аз чор давр Тоҷикистон ва Филиппин бо касби 10 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор доранд. Тимори Шарқӣ (3 имтиёз) ва Малдив (ҳоло имтиёз надорад) дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор гирифтаанд.

Дар бозиҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ ва Филиппин бо Малдив дидор анҷом медиҳанд. Набарди дастаи мо муқобили Тимори Шарқӣ рӯзи 18-уми ноябр дар дар шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад. 

Бозии давраи 6-ум рӯзи 31-уми марти соли 2026 баргузор мешавад. Дар доираи он Тоҷикистон бо Филипин ва Тимори Шарқӣ бо Малдив дидор анҷом медиҳанд. 

Бояд гуфт, танҳо ғолибони гурӯҳҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба марҳилаи асоси мусобиқа роҳхат мегиранд. Ҳар даста дар марҳилаи интихобӣ 6 бозӣ баргузор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.