Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?

Ҷаримаи ронандагон барои риоя накардани бархе қоидаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла, итоат накардан ба чароғаки роҳнамо, зиёд кардани суръати ҳаракат ва набастани тасмаи бехатарӣ аз 2 то 4 баробар зиёд шуд. Заминаи афзоиши ҷаримаҳо тағйирот ба “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 16-уми феврали имсол имзо кард. Ба гуфтаи мақомот, далели […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ҷаримаи ронандагон барои риоя накардани бархе қоидаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла, итоат накардан ба чароғаки роҳнамо, зиёд кардани суръати ҳаракат ва набастани тасмаи бехатарӣ аз 2 то 4 баробар зиёд шуд.

Заминаи афзоиши ҷаримаҳо тағйирот ба “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 16-уми феврали имсол имзо кард.

Ба гуфтаи мақомот, далели сангин шудани ҷазо, камтаъсир будани ҷаримаҳои пешина ва ба коҳиши қоидаваронкуниҳо мусоидат накардани онҳо мебошад.

Аз ҷумла, ҷавобгарӣ барои идораи мошин бе рақами давлатӣ ё бо рақами ноаён, роҳ надодан ба мошини ёрии таъҷилӣ ё сӯхторхомӯшкунӣ, таваққуф ва бозистӣ дар чорроҳаҳо, риоя накардани аломату нишонаҳои роҳ пурзӯр шуд.

Барои кадом қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиёт ҷаримаҳо сангинтар мешаванд, дар баргаҳои мо бинед:

Лоиҳаи тағйирот ба қонун, рӯзи 21-уми январи имсол дар маҷлиси вакилони парлумон баррасӣ ва қабул шуда буд.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи тағйирот ба қонун гуфт, солҳои 2024-2025 дар Тоҷикистон 699 тан бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохта, 1876 кас ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин давра дар умум, 1297 ҳолати ба ҳам бархурдани мошинҳо сабт шудааст.

Ба гуфтаи вай, яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, истифода накардани тасмаи бехатарӣ аст ва дар кишвар танҳо 13,4% мусофирон, 24,5% ронандагон, аз ҷумла 8% мусофирони пеш аз тасмаи бехатарӣ истифода мекунанд.

Аламшозода гуфтааст, “пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои ин қоидавайронкуниҳо ба бартараф шудани ҳолатҳои зикршуда мусоидат карда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар ҳудуди маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба танзим медарорад".

Бояд гуфт, дар соли 2026 бо боло рафтани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 75 ба 78 сомонӣ, дар баробари андоз, боҷ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҳаҷми ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ зиёд шуд.

Қаблан барои кадом қоидавайронкуниҳои марбут ба роҳу нақлиёт чӣ қадар ҷарима таъин мешуд, дар маводи мазкур бинед: Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.