Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд

Самандари Қаландар, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳудуди 2 моҳ пеш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “барои содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб озод шуда буд, барои гирифтани пора чор сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаъи худ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Самандари Қаландар, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳудуди 2 моҳ пеш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “барои содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб озод шуда буд, барои гирифтани пора чор сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаъи худ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дода, навишт, ки ҳукми ӯ аввали моҳи феврал содир шудааст. Ба иттилои манбаъ, Самандари Қаландар аз болои ҳукм шикоят накардааст ва “аз ҳукми содиршуда нисбаташ "қаноатманд аст".

Вале назари маҳкумшуда ва пайвандони ӯ ба расонаҳо дастрас нест.

Самандари Қаландар, додраси додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17-уми декабри соли 2025 бо фармони раисҷумҳур ва “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа барканор шуда буд. Ҳамроҳи ӯ, ду додраси дигар ҳам айнан бо чунин иттиҳом аз мансаб барканор шуда буданд. тақдири минбаъдаи онҳо маълум нест.

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ 12-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ӯ даст ба “ҷинояти коррупсионӣ” зад.

Оҷонсии мубориза бо фасод низ, рӯзи 23-юми феврал навишт, ки Самандари Қаландар моҳи марти соли 2025 барои таъйин кардани ҷазои сабук як муҷозотшаванда 75 ҳазор сомонӣ талаб карда, дар утоқи кориаш аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд

Гуфта мешавад, ки ин додрас баъдан моҳи октябри соли 2025 аз аз ин шахс 25 ҳазор сомонии боқимондаро гирифтааст, вале дар натиҷа аз тарафи кормандони Оҷонсӣ мубориза бо фасод дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.

Нисбати Самандари Қаландар бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319 қисми 3 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъолият мекунанд, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд. Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо дар ҷомеа кам нест ва бархе аз фаъолияти нодурусти онҳо шикоят мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ борҳо аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ карда буд. Раисҷумҳур ду сол қабл дар як мулоқоти хосааш бо додрасҳои тоҷик аз кори онҳо сахт интиқод кард ва гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.