“Хостори хуб шудани муносибат ҳастем”. Як намояндаи Толибон дар бораи равобит бо Тоҷикистон сухан гуфт

Ҳамдуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи Толибон* гуфтааст, хостори барқарор кардани робитаи хуб бо Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин бора телевизиони “Тулӯъ нюс” хабар медиҳад. “Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳамсоя ва мусулмон аст, мехоҳем равобити хуб дошта бошем. Ҳайати ду тараф дар ин авохир рафтуомад доштанд ва умед дорем пешрафтҳое дар ин замина дар оянда сурат […]

Asia-Plus

Ҳамдуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи Толибон* гуфтааст, хостори барқарор кардани робитаи хуб бо Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин бора телевизиони “Тулӯъ нюс” хабар медиҳад.

“Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳамсоя ва мусулмон аст, мехоҳем равобити хуб дошта бошем. Ҳайати ду тараф дар ин авохир рафтуомад доштанд ва умед дорем пешрафтҳое дар ин замина дар оянда сурат гирад”, – афзудааст Ҳамдуллоҳи Фитрат.

Вале ӯ дақиқ нагуфтааст, ки ин рафтуомадҳо кай ва чӣ гуна сурат гирифтаанду киҳо дар он ширкат доштаанд.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки намояндаҳои Толибон аз хуб шудани робита бо Тоҷикистон гап мезананд. Чанде қабл Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири Толибон гуфта буд, ки муносибати ин гурӯҳ бо Тоҷикистон дар ҳоли беҳтар шудан аст.

Тавре ки “Тулуъ нюс” менависад, ӯ ин нуктаро дар вохӯрӣ бо намояндаҳои бархе аз донишгоҳҳои хусусӣ дар Кобул изҳор дошта, афзудааст, ки диду боздиди намояндаҳои ду тараф бештар шудаанд. Аммо ин мақомдори Толибон ҳам аз ҳеҷ вохӯрие мушаххас ном набурда буд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, ӯ эътироф кардааст, ки Толибон бо бархе аз кишварҳои ҳамсоя мушкил доранд, аммо ба гуфтаи ӯ, гузаргоҳҳои бозаргонии Афғонистон барои тиҷорат боз аст.

“Равобити сиёсии мо бо Тоҷикистон дар ҳоли беҳбуд аст ва нисбат ба гузашта дар он тафовут дида мешавад. Ҳайати онҳо ин ҷо омад ва ҳайати мо он ҷо рафт. Иншоаллоҳ рафтуомад бештар ҳам мешавад. Тиҷорати мо тариқи гузаргоҳи Шерхонбандар ҳам ҷараён дорад ва мушкил надорем”, – баён доштааст ин мақомдори Толибон.

Аммо Тоҷикистон ба ин ду хабар то ҳол вокунише накардааст ва маълум нест, гуфтаҳои Толибон то куҷо ҳақиқат дорад.

Тоҷикистон аз замони дигарбора қудратро ба даст гирифтани Толибон дар Афғонистон аз ин гурӯҳ интиқод мекунад ва борҳо хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.