Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти энергетикиро ба мардум соли 2030 ваъда кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумони ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки иқтидори энергетикии кишвар то соли 2030 қариб ду баробар зиёд мешавад. Ӯ изҳори итминон кард, ки бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги сохтмону барқароркунӣ ва навсозии зерсохтори электроэненергетикӣ, иқтидори неругоҳҳои барқии кишвар то 10 ҳазор МВт зиёд мешавад. Президент шарҳ дод, ки ин маънои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумони ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки иқтидори энергетикии кишвар то соли 2030 қариб ду баробар зиёд мешавад.

Ӯ изҳори итминон кард, ки бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги сохтмону барқароркунӣ ва навсозии зерсохтори электроэненергетикӣ, иқтидори неругоҳҳои барқии кишвар то 10 ҳазор МВт зиёд мешавад.

Президент шарҳ дод, ки ин маънои онро дорад, ки “ҷумҳурӣ пурра ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ” ноил мегардад.

Сарвари давлат илова намуд, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи сабз, ҳукумати кишварт о охири соли 2022 бояд Стратегияи рушди энергетикаи сабзро қабул намуда, амалисозии саривақтии бандҳои онро таъмин кунад.

Айни замон иқтидори умумии муқарраршудаи низоми электроэнергетикии ҷумҳурӣ ба ҳудуди 5,8 ҳазор МВт баробар аст.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 18,7 млр кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Дар ҳамин ҳол, мавсими дуюми тирамоҳу зимистон сокинони деҳоти кишвар ба камбуди шадиди барқ дучоранд. Ба аҳолии деҳот субҳ аз соати 5 то 8 ва шомгоҳон – аз соати 18 то 22 барқ дода мешавад.

Аммо ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли барқро ба ҳеҷ гуна эътироф накарда, арзу шикояти истеъмолгаронро “овозаҳо” ва қатъҳои интиқоли барқро – корҳои барқаросозиву таъмир шарҳ медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.