Рӯнамоии портали ягонаи давлатии EGOV.TJ дар Душанбе

Дар доираи ҳафтаи "ICT Week" рӯзи 7-уми апрел маросими рӯнамоии Портали ягонаи давлатии EGOV.TJ доир гардид, ки аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди президенти Тоҷикистон таҳия шудааст. Захираи рақамии нав қисме аз барномаи давлатии рақамисозӣ буда, ба муттаҳид сохтани захираҳои интернетии вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳои давлатӣ дар шакли электронӣ равона шудааст.   […]

Милана Ена, Asia-Plus

Дар доираи ҳафтаи "ICT Week" рӯзи 7-уми апрел маросими рӯнамоии Портали ягонаи давлатии EGOV.TJ доир гардид, ки аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди президенти Тоҷикистон таҳия шудааст. Захираи рақамии нав қисме аз барномаи давлатии рақамисозӣ буда, ба муттаҳид сохтани захираҳои интернетии вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳои давлатӣ дар шакли электронӣ равона шудааст.  

Амир Ҳотамӣ, роҳбари департаменти рушд ва маркетинги Марказҳои тасдиқкунанда, хидматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ ба “Азия-Плюс” дар бораи мундариҷа ва мақсаду вазифаҳои он изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, EGOV.TJ таҳиягари ягонаи сомонаҳое мебошад, ки дар заминаи он захираҳои интернетии ҳамаи муассисаҳои давлатии кишвар сохта мешаванд.

“То имрӯз зиёда аз 40 сомонаи вазорату идораҳо аз лиҳози техникӣ аллакай омодаанд, аз ҷумла сомонаҳои шаҳрдории Душанбе, Додситонии кулл ва ғайра. Ҳамаи онҳо дар чаҳорчӯби лоиҳа таҳти унвони Платформаи ягонаи захираҳои интернетӣ (ЕПИР) таҳия ва дар дохили портали ягона ҷойгир карда мешаванд”, – зикр кард ӯ.

Мутахассис таъкид дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳими платформа мутобиқат ба меъёр (стандартизатсия) мебошад. Агар қаблан ҳар кадоме аз ниҳодҳо тибқи меъёрҳои худ сомона таҳия мекарданд, акнун ҳамаи захираҳои интернетӣ дар шакли ягонаи зоҳирӣ (визуалӣ) ва техникӣ таҳия ва идора хоҳанд шуд.

EGOV.TJ инчунин маълумоти муҳими марбут ба фаъолияти сохторҳои давлатиро ҷамъоварӣ ва хабарҳои навро нашр мекунад.

Корҳои таҳияи портали мазкур моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуд. Даҳ сомонаи аввал аллакай моҳи ноябр омода шуда буд. Айни замон шумори онҳо дар ҳоли зиёдшавӣ аст – сомонаҳои нав пас аз анҷоми расмиёти қарордодҳо бо вазорату идораҳои марбута илова мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио