Дар Рӯшон сангреза ба хонаи сокини маҳаллӣ зарар расонид

Дар қаламрави деҳаи Дерзуд ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон рӯзи 6 апрел резиши санг ба қайд гирифта шуд. Тавре ки маркази матбуоти КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Бар асари ин ҳодиса як хонаи истиқоматии сокини деҳа зарар дид. Гуфта мешавад, талафоти ҷонӣ нест. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. “Кумитаи […]

Asia-Plus

Дар қаламрави деҳаи Дерзуд ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон рӯзи 6 апрел резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Тавре ки маркази матбуоти КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Бар асари ин ҳодиса як хонаи истиқоматии сокини деҳа зарар дид.

Гуфта мешавад, талафоти ҷонӣ нест. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

“Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад ва даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз чорвочаронӣё дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд”, – огоҳ мекунад шаҳрвандонро Кумита.

Ҳамчунин ба шаҳрвандон хотиррасон мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.

Дар Кумита огоҳ мекунанд, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 то 10 апрели соли 2025 дар натиҷаи боришоти шадиди пешбинишуда дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва кӯҳу доманакӯҳҳо хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Дар ин робита, ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо, сафарҳои сайёҳӣ ба кӯҳу пуштаҳои худдорӣ кунанд.

Аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки ҳангоми ҳаркат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо эҳтиёт кунанд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. Суръати ҳаракатро боло набаранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.