Вазири мудофиа мавҷудияти «облава»-ро эътироф кард

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар номаи расмӣ нисбати муроҷиати шаҳрванди ҷумҳурӣ Рустам Гулов дар бораи «облаваҳо» (дастгиру зӯран ба артиш сафарбар кардан), эътироф намуд, ки воқеъан ҳам дар ҷумҳурӣ чунин далелҳо ҷой доранд. Дар ин бора Рустам Гулов дар блоги худ хабар медиҳад. Посухи расмиро аз вазир ӯ санаи 29-уми май гирифтааст. «Дар сархати […]

Маҳпора Киромова


Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар номаи расмӣ нисбати муроҷиати шаҳрванди ҷумҳурӣ Рустам Гулов дар бораи «облаваҳо» (дастгиру зӯран ба артиш сафарбар кардан), эътироф намуд, ки воқеъан ҳам дар ҷумҳурӣ чунин далелҳо ҷой доранд.

Дар ин бора Рустам Гулов

дар блоги худ

хабар медиҳад. Посухи расмиро аз вазир ӯ санаи 29-уми май гирифтааст. «Дар сархати чорум вазир ҷой доштани ин далелҳоро тасдиқ карда, онро «иҳотагирӣ» ном мебарад», – иброз доштааст Гулов.

Дар посухи вазири мудофиа, ки дар блог ҷой дода шудааст, Хайруллоев мушаххасан зикр мекунад, ки сабаби асосии дастгир ва зӯран ба хизмати ҳарбӣ фиристодани ҷавонон, саркашӣ намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ аст. «Ҳангоми саркашӣ намудан ва ҳозир нашудани даъватшаванда ба комиссияи даъват, кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ӯҳдадоранд, онҳоро боздошт намоянд», – гуфтааст вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.