Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он, ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) аз 1-уми апрел то 31-уми май дар ин давра ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд. Дар фармон, ки имрӯз, 28-уми феврал дар сомонаи раисҷумҳур нашр шуд, гуфта мешавад, онҳое, ки хидмати […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он, ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) аз 1-уми апрел то 31-уми май дар ин давра ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

Дар фармон, ки имрӯз, 28-уми феврал дар сомонаи раисҷумҳур нашр шуд, гуфта мешавад, онҳое, ки хидмати ҳарбиро тамом карданд, дар моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар “ба эҳтиёт рухсат дода шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбиро вазифадор кардааст, ки “даъвати муташакилонаи шаҳрвандонро бо дарки масъулият” ба хидмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи телевизион ва радио вазифадор кардааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ ба таври густурда инъикос карда, хидмати ҳарбиро “ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд”-и Тоҷикистон” тарғиб кунанд.

Дар ин баробар Вазорати тандурустӣ вазифадор шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар кунад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта фармони даъвати баҳорӣ нисбат ба солҳои пешин, барвақттар- нимаи дуввуми моҳи феврал нашр шуда буд. Маъмулан фармони президент дар авоили моҳи март нашр мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.