Пешниҳоди ивази муҳоҷирони корӣ ба маҳбусон дар Русия

Директори Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия Александр Калашников пешниҳод кардааст, ки муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, ба маҳбусони зиндонҳои ин кишвар иваз карда шаванд. Ӯ изҳори итминон кардааст, ки ин барои иншооти сохтмоне, ки дар он қувваи корӣ намерасад, мувофиқи мақсад хоҳад буд, менависад Коммерсант. Ӯ таъкид доштааст, ки инро наметавон бо ҷалби […]

Asia-Plus

Директори Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия Александр Калашников пешниҳод кардааст, ки муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, ба маҳбусони зиндонҳои ин кишвар иваз карда шаванд.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки ин барои иншооти сохтмоне, ки дар он қувваи корӣ намерасад, мувофиқи мақсад хоҳад буд, менависад Коммерсант.

Ӯ таъкид доштааст, ки инро наметавон бо ҷалби шаҳрвандон ба сохтмонҳои ГУЛАГ (Сарраёсати лагерҳо – воҳиди Комиссариати халқии корҳои дохилӣ) муқоиса кард. Барои шаҳрвандони қонуншикан дар Русия шароити тамоман нави кор фароҳам мешавад. Онҳо метавонанд дар хобгоҳ ё хонаи иҷора зиндагӣ карда, маоши шоиста гиранд. Корфармо метавонад ба онҳо барои иқомат бо оилаашон шароит муҳайё созад.

Ба гуфтаи Калашников, айни замон 188 ҳазор нафар маҳбусон ҳуқуқ доранд, ки барои ивази ҷазо ба корҳои маҷбурӣ ариза диҳанд.

Ӯ хотиррасон кардааст, ки соли равон шумори зиндониён дар Русия то 483 ҳазор нафар кам шуд. Барои муқоиса: соли 2010 шумори онҳо зиёда аз 860 ҳазор нафарро ташкил медод.

Муҳоҷирон бекор намемонанд

Раиси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ Ренат Каримов дар суҳбат бо «360tv» эътироф намудааст, ки ба ин ташаббус назари мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар шахс ба манфиати ҷомеа кор карда тавонаду бо шароити хуб ва маоши шоиста таъмин шавад, дар зиндон нишастани ӯ ҳеҷ маъние надорад.

“Ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ ба камшавии вуруди муҳоҷирон боис шуда наметавонад. Муҳоҷирон мустақил нестанд, онҳоро сармояи бузург, ки ҳозир синфи ҳукмрон аст ва қисматҳои хурди тиҷорати миёна идора мекунад. Ҳамаи онҳо барои дарёфти фоидаи зиёд бо камоли майл аз онҳо истифода мекунанд”, – изҳор доштааст Ренат Каримов.

Номбурда зикр кардааст, ки то замони пандемия 5-7 млн шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кор мекарданд ва аз ин рӯ, таъмини 188 ҳазор нафар маҳбусон бо ҷойи корӣ ба шуғли муҳоҷирон таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.