Далери Имомалӣ ба зиндони “1-ум Советский”-и Душанбе интиқол ёфт

Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз содир шудани ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ин бора наздикони Далери Имомалӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Онҳо гуфтанд, Далери Имомалиро рӯзи шанбеи 10-уми декабр ба Муассисаи ислоҳии №4 интиқол доданд ва […]

Asia-Plus

Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз содир шудани ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ин бора наздикони Далери Имомалӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, Далери Имомалиро рӯзи шанбеи 10-уми декабр ба Муассисаи ислоҳии №4 интиқол доданд ва онҳо аз ин кор огоҳ набуданд.

“Ҳоло дар роҳем, баъзе лавозимоти заруриро барои эҳтиёҷаш мебарем. Умедворем, ки бо ӯ вохӯрда метавонем”,- гуфт яке аз наздиконаш.

Интиқоли Далери Имомалӣ ба зиндон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро дар робита ба 10 соли зиндон нисбати Далери Имомалӣ бетағйир гузошта буд. Вакили дифоъ ва наздиконаш гуфта буданд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми октябри соли равон ба 10 соли зиндон ва пардохти 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.

Худи Далери Имомалӣ дар номае аз дохили боздоштгоҳ, ки ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ирсол шуда, нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид, навишт, ки тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духӯрагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.

Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзуҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.

Ӯ ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Муҳокимаи ӯ пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигрон дар СИЗО баргузор шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.