“Киллер” барои куштори пайвандон. Дар Исфара модару писар 15 солӣ равонаи зиндон шуданд

Додгоҳи вилояти Суғд як модару писар, ду сокини шаҳри Исфараро барои сўиқасди ҷиноят ва одамкушӣ гунаҳкор дониста, ҳардуро 15 солӣ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора аз додгоҳи вилоят хабар доданд. Гуфта мешавад, ки Ҳамрохон Қодирова, сокини деҳаи Кулканди шаҳри Исфара дар заминаи рашк қасди куштори бародари шавҳар ва зани ӯро мекашад ва ба ин кор писарашро […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Суғд як модару писар, ду сокини шаҳри Исфараро барои сўиқасди ҷиноят ва одамкушӣ гунаҳкор дониста, ҳардуро 15 солӣ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора аз додгоҳи вилоят хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки Ҳамрохон Қодирова, сокини деҳаи Кулканди шаҳри Исфара дар заминаи рашк қасди куштори бародари шавҳар ва зани ӯро мекашад ва ба ин кор писарашро ҳам ҷалб мекунад.

Онҳо қасд кардаанд, ки ин корро бо дасти қотил (киллер) анҷом диҳанд.

“Баъди он ки ӯ аз ниқоҳи шавҳараш бо Гулафзо Тешаева огоҳ мешавад, Абдусалом Валиев, бародари шавҳараш ва зани ӯ, Мунира Мамадаминоваро барои мусоидати ин кор бад дида, аз пайи қасосгирӣ мешавад”, – гуфтанд аз Додгоҳи вилояти Суғд.

Ҳамин тариқ, Ҳамрохон Қодирова моҳи сентябр соли 2021 бо Далерҷон Сониев шиносоӣ пайдо карда, баъди вохӯриҳои зиёд бо номбурда никоҳи мусулмонӣ мекунад. Аз ин кори онҳо ҳамсари Сониев огоҳ шуда, бо Қодирова муноқиша менамояд. Баъди ин, ӯ дар пайи куштори ҳамсари Сониев низ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ, барои иҷрои ин кор ӯ аз пайи ҷустуҷӯйи қотил мешавад. 

“Моҳи апрели соли 2022 бо мақсади ташкили одамкушӣ ба ҷамоати деҳоти Ворух рафта, бо Иғболов Ҷонибек вохӯрда, ӯро барои куштори се тан аз пайвандони шавҳари якум ва ҳамсари шавҳари дуюмаш моил мекунад. Ба номбурда ваъда медиҳад, ки агар вай ҷинояти кушторро анҷом дода, ҷасадҳоро акс гирифта фиристад ба ӯ  5 ҳазор доллар медиҳад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Маълум мешавад, ки Ҷонибек Иғболов, корманди ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ аст.

Ҳамрохон Қодирова барои дастрас кардани акси бародари шавҳар ва ҳамсари ӯ, писараш Неъматҷон Валиевро вазифадор мекунад ва тариқи “Душанбе ситӣ” ба Иғболов 18 ҳазор сомонӣ пардохта мекунад.

Ӯ гуфтааст, ки маблағи боқимондаро баъди дидани аксу навори  ҷасадҳо медиҳад.

“Рӯзи 26-июн Ҷонибек Иғболов дар якҷоягӣ бо кормадони мақомоти милитсия саҳнаи кушторро ташкил карда, нафароне ки Қодирова мехост бо дасти ӯ кушта шаванд, гӯё кушта ба бағоҷи мошин бор кардааст, сурат ва навор гирифта ба ӯ мефиристад. Худи ҳамон рӯз  аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия модару писар барои ташкили ҷинояти одамкушӣ дастгир  шуданд”, – гуфтанд аз Додгоҳи вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамрохон Қодирова ва Неъматҷон Валиев барои  тайёрӣ ба ҷиноят ё сўиқасди ҷиноят (моддаи 32 қисми 3) ва одамкушӣ (104 қисми 2) ба муддати 15 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.