Ташкили бурсия ва таъсиси шӯрои дифоъ миёни Тоҷикистону Эрон

Тоҷикистону Эрон барои таҳсили шаҳрвандони ҳамдигар бурсия (квота) ҷудо мекунанд, мактаб месозанд ва барои ҳимояи корҳои илмӣ шӯрои дифоъ таъсис медиҳанд. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дирӯз, 24-уми июл, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар […]

Тоҷикистону Эрон барои таҳсили шаҳрвандони ҳамдигар бурсия (квота) ҷудо мекунанд, мактаб месозанд ва барои ҳимояи корҳои илмӣ шӯрои дифоъ таъсис медиҳанд. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дирӯз, 24-уми июл, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот карда, дар ин маврид гуфтугӯ кардаанд.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, Раҳим Саидзода аз рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Муҳаммадтақии Собирӣ қайд кард, ки вохӯрӣ боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.

“Дар вохӯрӣ масъалаҳои бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъсиси шӯрои дифоъ барои ҳимояи корҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, – гуфт Наврӯзи Мирзо.

Тавре ӯ афзуд, ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм бо Эрон дар асоси тафоҳумномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва омӯзиши олии Эрон аз 31 декабри соли 1996 ба роҳ монда шудааст.

Номбурда таъкид намуд, ки дар вохӯриҳои баъдӣ ҷузъиёт ва барномарезии лоиҳаҳо миёни ду кишвар, ҷудо гардидани бурсия ва таъсиси шӯрои илмӣ дақиқ мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз сардии кӯтоҳ дар муносибати Тоҷикистону Эрон, вақтҳои охир равобити ду кишвар тақвият меёбад.

Давоми соли ҷори мақомоти гуноногуни ду кишвар дар Душанбеву Теҳрон мулоқотҳо баргузор карда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар ин сол додситони кулл ва вазири фарҳанги Эрон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳамчунин, намояндагони илму адаби тоҷик низ пас аз чанд сол дар намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.