“Зиндагардонандаи осори таърихӣ ва фарҳангӣ”. Даргузашти Ҳабиб Саид, адиб ва рӯзноманигори тоҷик дар Русия

Ҳабиб Саид, нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи тоҷик, ки асосан ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои саршинос машғул буд, дар 71-солагӣ дар вилояти Оренбурги Русия аз олам чашм баст. Хабари даргузашти Ҳабиб Саид дирӯз, 22-юми январ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Гуфта мешавад, ки ӯро ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳи падариаш шаҳри Исфара ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳабиб Саид, нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи тоҷик, ки асосан ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои саршинос машғул буд, дар 71-солагӣ дар вилояти Оренбурги Русия аз олам чашм баст.

Хабари даргузашти Ҳабиб Саид дирӯз, 22-юми январ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Гуфта мешавад, ки ӯро ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳи падариаш шаҳри Исфара ба хок месупоранд.

 

Ҳабиб Саид кӣ буд?

Худаш моҳи декабри соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ писари нависандаи маъруф Лутфӣ Саид буд ва дар муҳити фарҳангӣ ба воя расид. Донишкадаи кишоварзиро хатм карда, пешаҳои кафшергар, челонгар, муҳандис, геолог, технологро озмудааст.

Ҳабиб Саид соли 1993, дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ба Русия ҳиҷрат кард ва то охири умр дар вилояти Оренбург умр ба сар бурд.

Ӯ то ҳиҷрат рӯ ба рӯзноманигорӣ оварда, як муддат дар нашрияи “Ҳафтганҷ” ва радиои “Тоҷикистон” кор кардааст.

Ҳабиб Саид ба кори нависандагӣ ҳам даст зада, ҳикоя, навелла ва эссеҳо ҳам менавишт. Маҷмӯаи достонҳои ӯ бо номи “Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад” соли 1992 дар Душанбе ба нашр расидааст. Китоби дигари ӯ “Итолиёӣ, хола ва Золушка” бо забони русӣ чоп шуда, соли 2014 дар Олмон низ интишор ёфт. Ӯ на танҳо ба забони тоҷикӣ, инчунин бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ асар эҷод мекард.

 

Корномаи фарҳангии ӯ

Ҳабиб Саид дар солҳои охир тавассути блогҳо ва саҳифаҳои интернетӣ фаъолона барои ҳифз ва муаррифии фарҳанги тоҷик кӯшиш мекард. Саҳифаи фесбуки ӯ ба мусиқии классикиву анъанавии тоҷикӣ бахшида шуда, дар он суруду оҳангҳои бузургон ва ҳунармандони маъруф маҳфуз буданд.

Вай дар бораи шахсиятҳои бузурги тоҷик, аз ҷумла устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин овозхони шаҳир Аҳмад Зоҳир дар интернет блогҳо сохтааст, ки маҷмӯи матолиб ва аксҳои нодири онон ҷамъоварӣ шудаанд.

Ҳоло фарҳангиёни тоҷик аз мақолаи “Душмани №1-и тоҷик – вируси М” ёдоварӣ мекунанд, ки ба мавзӯи доғи маҳалгароӣ равона шуда ва то ҳол аз хотираҳо зудуда нашудааст.

 

Гуфтовардҳо перомуни Ҳабиб Саид

Пас аз даргузашташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорону фарҳангиён перомуни корномаи Ҳабиб Саид ёдоварӣ карданд.

Аз ҷумла, Рустам Ваҳҳобзода, шоири тоҷик навишт, ки ӯ “кори як пажӯҳишгоҳро дар ҳамин фазо анҷом медод”.

Ҳамчунин, Саидаҳмад Қаландаров, донишманди дигар, ӯро “зиндагардонандаи осори таърихӣ ва фарҳангӣ” номид.

Субҳони Аъзамзод, донишманди дигари тоҷик навишт, ки аз ӯ ба мо дар баробари хидмати зиёди беминнати адабиву фарҳангӣ як саҳифаи ғанӣ ва хазинаи аксҳои табиати нозанини Тоҷикистон ва бузургони илму адабу фарҳанг боқӣ монд.

Салим Аюбзод, рӯзноманигори тоҷик, ҳам дар ёддоште гуфтааст, ки “худнамоӣ ба бисёре аз блогҳо хос аст, вале торнигори тоҷикиву русии Ҳабиб Саид бештар оламнамоӣ дорад, то шиносоӣ ва таъкид бар ҳувияти худаш. Аммо муҳаббати бекаронаш ба Тоҷикистон дар ҳар навиштааш худ ба худ ҳувайдо мегардад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.